Таҷлили навадсолагии «Маърифати омӯзгор»

15-03-2018
15 марти соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ бахшида ба 90-солагии таъсиси нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маърифати омӯзгор» бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, ҷонишини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод, намояндагони дигар вазорату кумитаҳо, сармуҳаррирони як қатор нашрияҳои соҳавӣ ва доираи васеи донишмандон, устодон ва кормандони васоити ахбори омма баргузор гардид. 
Чи тавре ки баромадкунандагон- вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, ҷонишини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод, сардори Маркази матбуоти вазорат Эҳсон Сафарзода ва дигарон зикр карданд, маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» тайи ин солҳо (ба ғайр аз даврони ҶБВ) мунтазам ба нашр расида, дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, рушди забон, илму маориф, таълиму тарбия, ёрии методӣ ба омӯзгорон, тарғиби таҷрибаи пешқадам саҳми босазо гузошт. 
Дар ҷамъомад хидматҳои як қатор аъзои ҳайати таҳририя, кормандони собиқи маҷалла, рӯзноманигорон ва муаллифони фаъол бо  медалҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «100-солагии Матбуоти тоҷик», ифтихорномаҳои идораи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» қадрдонӣ шуда, аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба рӯзноманигорони шоиста ифтихорнома ва туҳфаҳои модӣ супурда шуд. 
Бояд ёдовар шуд, ки шумораи нахустини маҷаллаи маъруфи кишвар «Маърифати омӯзгор» ҳамчун нашрияи Нозироти маорифи Тоҷикистон бо номи «Дониш-биниш» соли 1927 дар шаҳри Самарқанд ба чоп расида, аз шумораи дуюм номи «Раҳбари дониш»-ро гирифт ва минбаъд бо номҳои «Инқилоби маданӣ» («Револютсияи маданӣ»), «Мактаби советӣ», «Маърифат» ва ҳоло бо номи «Маърифати омӯзгор» ба чоп мерасад.


Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон