ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

05-10-2018
5-уми октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми кишвар, Шамсиддин Солеҳов – мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Шарифмурод Исрофилниё – профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Азиз Мирбобоев – мудири кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нуриддин Саид иштирокдоронро ба таҷлили солгарди Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ёдовар шуд, ки соҳаи маориф дар рушду нумӯъ, пойдориву беолоиш ва поянда мондани зобони  тоҷикӣ дар саросари мамлакат вазифаи асосиро бар душ дошта, кормандони соҳа вазифадоранд дар ҳама ҳолат аз ин забони таърихи ҳазорсоладошта пуштибонӣ намоянд.
Сипас, Азиз Мирбобоев дар мавриди таърихи дирӯзу имрӯзи забони тоҷикӣ маърӯза ироа намуд, ки дар он вобаста ба макони пайдошавӣ ва минтақаҳои фарогири ин забони асил маълумот дода шуд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД – корманди 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон