Тахмина Абдуалиева ва Фирӯза Ғаниева – ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2021”

13-01-2022
13-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2021” баргузор гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Гулҷеҳра Ғанизода - муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаи тадорукоти озмун, аъзоёни ҳакамон ва иштирокдорони озмун ширкат варзиданд.
Дар оғоз М. Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм зикр кард, ки давоми се рӯз даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2021” доир гардид, ки ҳар як довталаб тибқи низомнома шартҳои муайяншударо иҷро намуда, соҳиби холҳои зарурӣ гашт.
- Дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо дар замони муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати онҳо яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб меёбад. Довталабон бо маҳорати баланди педагогӣ ва донишу ҷаҳонбинии васеъ фаъолона иштирок намуданд, – таъкид кард М. Саломиён.
Сипас, муовини вазири маориф ва илм Гулҷеҳра Ғанизода фаъолияти иштирокчиёни озмунро вобаста ба шартҳо дар алоҳидагӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод. Зикр гардид, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.
Дар озмуни мазкур 5 нафар – Гулру Гулбекова-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ, Мунира Ризоева-мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар, Тахмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Ғаниева-мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе, Маҳбуба Пулодова-мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода иштирок карданд. Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Гулру Гулбекова-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ ва Маҳбуба Пулодова-мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи сеюм, Мунира Ризоева-мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи дуюм, Тахмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд ва Фирӯза Ғаниева-мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2021” гардиданд.
Ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукоти озмун, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо супорида шуд.
Бахтовар САФАРОВ