ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲОИ СОЛИНАВИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО

29-12-2021
24 декабри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Абдуфаттоҳзода ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоён ва деркаршудагон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.
Нахуст, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тамоми хонандагонро аз номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Соли нави мелодии 2022 муборакбод гуфта, дар рӯзгору таҳсили минбаъдаашон бурдбориҳо таманно намуд. Сипас, ба 220 нафар хонандаи Мактаб-интернати мазкур либосҳои зимистона ва тӯҳфаҳои солинавии Пешвои миллат супорида шуд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи хонандагон рақсу сурудҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардида, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин хотири ҳамагонро болида намуданд.
Ҳамзамон, санаи 25 декабри соли ҷорӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2022 тӯҳфаҳои идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиягирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор, ки аз сару либоси гарм, пойафзолу шириниҳо ва тӯҳфаи солинавӣ иборат буд, расонида шуд.
Тӯҳфаҳои идонаи солинавии Пешвои муаззами миллатро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Абдуфаттоҳзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба 313 нафар тарбиятгирандаи Мактаб-интернат тақдим намуда, хонандагонро аз номи Пешвои миллат табрику таҳният гуфтанд. 
Ҳамчунин, ба хотири болидахотирии тарбиятгирандагон, ки дорои имконияти маҳдуд мебошанд, дар ошхонаи муассиса дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби аҳли ҳунари бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.
Дар ин замина тӯҳфаҳои солинавӣ, сару либос ва дигар маводи зарурӣ аз номи Пешвои муаззами миллат ба 402 нафар тарбиятгирандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Сангвор бо иштироки Эмомалӣ Насриддинзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳиддин Пайшамбезода-мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд. 
Инчунин, бо иштироки Абдураҳмон Ҳалимзод-муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфиддин Раҷабиён-сардори раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 405 нафар хонандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Рӯшон тӯҳфаҳои солинавӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Бахтовар Сафаров