СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТО СОЛИ 2030 МУАРРИФӢ ГАРДИД

03-02-2021
3-юми феврали соли 2021 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои то соли 2030 баргузор гардид.
Дар кори он Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, Осама Маккави-намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Алберто Бианколи-сардори бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Ангелих Махал-директори барномаҳои таълимии ЮСАИД дар Тоҷикистон, Муҳаммад Тариқ Хон-роҳбари кишварҳои шарикони глобалӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, Криста Пиккат-намояндаи ЮНЕСКО, Саодат Бозорова-мутахассиси калони барномаҳои таълимии Бонки умумиҷаҳонии рушд, Марико Кавабатта-намояндаи муваққатӣ-муовини директори минтақавии Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва дигар шарикони рушд ширкат варзиданд.
М. Имомзода дар суханронии ифтитоҳии худ иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи мазкурро бо мақсади ноил шудан ба афзалиятҳои бештар, аз ҷумла дастрасии таҳсилот ва иштирок дар ҷараёни таҳсилот, самаранокии дохилии соҳаи маориф, сифат ва муҳиммияти соҳаи маориф, таъмини принсипҳои баробарӣ дар соҳаи маориф ва илм, идоракунӣ ва маблағгузории буҷети соҳаи маориф таҳия намудааст.
Ҳамчунин, дар рафти нишаст паҳлуҳои мухталифи Стратегия миллии рушди маориф барои то соли 2030 аз ҷониби иштирокчиён мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки мақсади ислоҳот ба вуҷуд овардани низоми таҳсилоте мебошад, ки он барои ҳама дар тӯли тамоми ҳаёт сифатнок ва дастрас буда, иқтисодиёти кишварро бо кормандони салоҳиятнок, инфрасохтори мувофиқ ва технологияи муосиру инноватсионӣ таъмин карда тавонад. 
Сипас, Бадриддин Музаффарзода-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм иброз дошт, ки қаблан ҳам чунин як Стратегия дар соҳаи маориф ва илм қабул шуда буд ва муҳлати амали он 9 солро дар бар мегирифт.
Гуфта шуд, ки дар заминаи амалигардонии талабот ва бандҳои Стратегияи нав соҳаи маориф ва илми кишвар дар давоми 10 соли оянда ба таври бесобиқа рушд хоҳад кард. Аз ҷумла, сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ба маротиб беҳтар хоҳад гашт. Ҳадафи ниҳоӣ ва талаботи Стратегия мувофиқ ва баробар намудани соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи дунё унвон дода мешавад.
Суннатуллоҳи МИРЗО