Соле, ки накуст, аз баҳораш пайдост

04-04-2018
Ба роҳ мондани равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо дигар кишварҳо, бахусус, ҳамсоякишвар, ки тамаддуни қадима ва таърихи муштарак дошта бошанд, ҳамеша бар нафъи кор буда, яке аз омилҳои калидии рушди иқтисодию фарҳангии ин мамолик мегардад. 
Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ибтидои баҳори имсол ва ба имзо расидани 27 санади муҳимми байнидавлатӣ бозгӯ аз дурнамои рушди равобити ҳасанаи ду ҳамсоякишвар аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ин вохӯрӣ собит намуданд, ки омодаанд барои пешрафти иқтисодиёт ва ҳамгироӣ дар дигар соҳаҳо тамоми корҳоро анҷом диҳанд. Муносибати дӯстонаю бародаронаи роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки ҳеҷ амале аз муносибатҳои хуби ҳамсояҳо беҳтар буда наметавонад. 
Дар радифи дигар санадҳои муҳимми баимзорасида, яке аз риштаҳои муҳимми равобити иқтисодӣ ин истифода аз оби тозаи кӯли Сарез мебошад. Пӯшида нест, ки аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ояндаи наздик аз ҷиҳати таъминоти оби ошомиданӣ мушкилӣ хоҳанд дошт ва Тоҷикистон ҳамчун дорандаи захираи фаровони об метавонад дар ин бахш ба ҳамсоякишварҳо кумак намояд. Яке аз захираҳои бузурги оби тоза ин кӯли Сарез аст. Ин кӯл дар айни ҳол тӯли бештар аз 70 километр ва чуқурии зиёда аз 500 метр дорад. Ҳаҷми оби он ҳанӯз 11 сол қабл ба 17 миллиард метри мукааб баробар буд. 
Ёдовар мешавем, ки 18 феврали соли 1911 дар яке аз деҳаҳои ВМКБ заминларза бо қувваи 9 дараҷа аз рӯйи ҷадвали Рихтер ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он маҷрои дарёи кӯҳӣ баста шуд. Дар маҳалли ҳодиса деҳае бо номи Сарез комилан аз байн рафт ва аз ҳамон замон кӯле бо номи Сарез шаклгирии худро оғоз кард. Тибқи иттилои коршиносон ин кӯл метавонад аз 40 то 50 миллион нафар аҳолии минтақаро бо оби ошомиданӣ таъмин намояд. 
Сайёраи Замин аз об хеле ғанист, зеро 70 дарсади сатҳи болои онро об ташкил медиҳад (тақрибан 1,4 миллиард км3). Новобаста ба ин қисми зиёди об шӯр буда, ҳамагӣ 2,5 дарсади он (тақрибан 35 миллион км3) оби ошомиданӣ мебошад. 
Барои нӯшидан танҳо оби тозаро истифода кардан мумкин аст, аммо 69 фоизи он дар баландкӯҳҳо (Антарктида ва Гренландия) ҷойгир аст. Тақрибан 30 дасрсадро обҳои зеризаминӣ (10,5 миллион км3) ташкил дода, танҳо 0,5 дарсадро обҳои кӯлҳо, кӯлҳои маснуӣ ва рӯдхонаҳо созмон медиҳанд. 
Аксар коршиносон “масъалаи об”–ро яке аз мушкилоти калидии инсоният дар дурнамои наздик медонанд. Ба ҳамин хотир, солҳои 2005 -2015 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи “Об барои ҳаёт” эълон гардида буд. Ба андешаи коршиносон, дар қарни ХХ1 об нисбат ба нафту газ захираи стратегии волотаре маҳсуб хоҳад шуд, зеро нархи он имрӯз дар баъзе кишварҳо, аз қабили Африқои Шимолӣ, Австралияи Марказӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва биёбони Сахара, нимҷазираи Арабистони Саудӣ ва Осиёи Марказӣ аз нафту газ болотар аст. 
Тибқи иттиллои Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба об (Word Commission on Water) айни замон барои ҳар як одам ҳар рӯз 40 (аз 20 то 50) литр об барои ошомидан, таҳияи ғизо ва беҳдошти шахсӣ зарур аст. Наз-дик ба як миллиард одам дар 28 кишвари дунё ба чунин ҳаҷми об дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 40 дарсади одамони сайёра (тақрибан 2, 5 миллиард) дар манотиқе умр ба сар мебаранд, ки ба оби тоза дастрасии пурра надоранд. 
Тахмин меравад, ки то соли 2025 ин шумора то ба 5, 5 миллиард мерасад ва аз се ду ҳиссаи аҳолии заминро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Ҳиндустон, Чин, ИМА, Покистон, Ҷопон, Таиланд, Индонезия, Бангладеш, Мексика ва Федератсияи Россия нисбат ба дигар кишварҳо обро бештар истифода мебаранд. Ҳаҷми умумии истифодаи об аз 646 км3/ ҳар сол (Ҳиндустон) то ба 30 км3 дар Кабо –Верде ва дар кишварҳои Африқои Марказӣ фарқ мекунад. 99 фоиз аз 4000 км3/обе, ки дар сол барои обёрии заминҳо, саноат, ошомидан ва тавлиди барқ истифода мегардад, аз сарчашмаҳои зеризаминӣ ва сатҳи заминӣ гирифта мешаванд. Обҳои зеризаминӣ 20 фоиз аз ҳаҷми умумии обҳои истифодашавандаро ташкил медиҳанд ва ин шумора дар ҳоли афзоиш аст, ки боиси нигаронӣ хоҳад шуд. 
Аз 70 дарсади оби сайёра танҳо 3 дарсади он оби ошомиданӣ мебошад. Аксар захираҳои оби ошомиданӣ дар шакли ях мавҷуданд. Танҳо як фоизи об қобили дастрасии сабук аст. Ин маънои онро дорад, ки камтар аз 0, 007 дарсад об барои ошомидан тайёр мебошад. Зиёда аз 1, 4 миллиард одамон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Фарқ байни таъминот бо об ва талабот ба он доим дар ҳолати афзудан аст ва дар соли 2030 ба 40 фоиз мерасад. Соли 2025 аз се як ҳиссаи одамони сайёра аз норасоии об мушкилӣ хоҳанд дошт. Соли 2050 бештар аз 70 дарсади аҳолии дунё дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард. Дар аксар кишварҳои дар ҳоли рушд талафоти об бештар аз 30 дарсад-ро ташкил медиҳад. Ҳатто ин рақам дар баъзе ҳолатҳо то ба 80 дарсад мерасад. Дар системаҳои обрасонии обҳои ошомидании шаҳрҳои дунё талафоти об ба бештар аз 32 млрд. кубометр баробар аст. Аз ин арқом танҳо 10 дарсади талафот ҷуброн мегардад, оби боқимонда ноаён дар зери замин гум мешавад. 
Рушди инсоният бо зиёдшавии аҳолии дунё ва афзоиши талабот нисбат ба захираҳои табиат ҳамқадам аст. Яке аз чунин захираҳои табиат оби ошомиданӣ мебошад, ки норасоии он дар бархе қитъаҳои сайёра бармало мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, бештар аз се ҳиссаи аҳолии дунё (зиёда аз 2 миллиард) ба оби тоза дастрасии доимӣ надоранд. Тахмин меравад, ки дар соли 2020 норасоии об ба омиле табдил хоҳад ёфт, ки сабаби аз рушд мондани иқтисодиёт ва тараққии инсоният мегардад. Ин омил асосан ба кишварҳои дар ҳоли рушд таъсири бештар хоҳад дошд. 
Тибқи иттилои баъзе маъхазҳо имрӯз ним литр об дар Қатар ба ду доллар баробар аст. Бо дарназардошти ин нукта ва арқоми дар боло зикргардида метавон ба таври қотеъ таъкид кард, ки интиқоли оби тозаи кӯли Сарез аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, ки тақрибан 450 км- ро ташкил медиҳад, аз назари иқтисодӣ камхарҷ ва ҳамзамон, бар суди ин ду ҳамсоякишвар хоҳад буд. 
Инак, қариб ду даҳсола боз Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Сарвари хирадманди он дар миқёси глобалӣ аз хатари дарпешистодаи аҳли башар дар бобати норасоии оби ошомиданӣ ва сол аз сол афзудани шумораи аҳолии ба об сахт эҳтиёҷманди ҷаҳон масъалагузорӣ менамоянд ва барои ҳар чи бештар дастрасӣ доштани аҳолии кураи арз ба он бо ибтикороти наҷиб баромад мекунанд, ки дар саросари олам дастгирӣ ва қадр карда мешавад. Дар рӯзҳои тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, об, истифодаи самараноку боэҳтиёти онро дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои асосии инкишоф муаррифӣ карданд. Ҳар фарди кишвари мо ифтихорманд аст, ки ташаббусҳои ҷумҳурии мо “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз ҷониби кулли давлатҳои сайёра истиқболи хеле гарм ёфта, то кунун дар сатҳи глобалӣ оид ба беҳтар дастрасӣ пайдо кардани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар кулли мамолики ҷаҳон тадбиру чораҳои зиёде амалӣ гардонида шудаанд. Оғози даҳсолаи нав дар ин самт, бешубҳа, заминаи иҷрои корҳои бузурге хоҳад буд. Ва ин дар ҳолест, ки тобистони соли ҷорӣ дар пойтахти ҷумҳурии мо ҳамоиши байналмиллии сатҳи баланд Тоҷикистону Ӯзбекистон яке аз самтҳои умда ва муҳим ин бахши фарҳанг хоҳад буд. Таърихи адабиёти тоҷику ӯзбек нишон медиҳад, ки бузургони адаб барои тавсеа бахшидани равобити илмӣ - фарҳангӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Танҳо ба ёд овардани ҳамкориҳои судбахш миёни устодони ашъори ноб Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, Шамсиддин Шоҳину Аҳмади Дониш бо ҳамтоёни худ Увайсӣ ва Гулханӣ, устод Айнӣ бо Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов ва боз даҳҳо адибони дигар аз наслҳои баъдӣ кофист, то мо бифаҳмем, ки ин ду миллати куҳанбунёд муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд. 
Ба ҳамин хотир, тарҷума ва нашри осори адибони қуруни вусто ва муосири тоҷику ӯзбек ва дар макотиби миёна ба унвони хониши бадеӣ истифода гардидани он ба нафъи кор хоҳад буд. Зеро равобити фарҳангӣ метавонад сабаби рушду такомул ва пешрафти дигар соҳаҳо низ гардад. 
“Соле, ки накуст, аз баҳораш пайдост”, - мегӯянд ва имрӯз бо дарназардошти мулоқотҳои босамар, суҳбатҳои самимӣ ва талошҳои ҳамаҷонибаи ҳайатҳои расмии ду кишвари ҳамсояву дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавон итминони комил дошт, ки равобити ҳазорсолаи қаблӣ аз нав эҳё хоҳад шуд ва ҳамкориҳои судманди тарафайн омили рушди иқтисод ва фарҳанги ҳар ду миллат хоҳанд гардид. 
Наҷмиддин САЛОҲИДДИНЗОДА,
 Эмомалӣ РАҲМАТОВ