СОКИНОНИ ХОРӮҒ АЗ ҲАДЯИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ХУШНУД ШУДАНД

23-12-2020
 
  Ҳудуди як моҳ мешавад, ки аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми кишвар тақдими шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” ба сокинони ВМКБ идома дорад. 
  23-юми декабри соли равон китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони шаҳри Хорӯғи ВМКБ тақдим карда шуд.
  Ҳадяи Пешвои миллатро намояндагон аз Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хорӯғ ба сокинон тақдим  намуданд.
  Тавре иттилоъ дода шуд, сокинони шаҳри Хорӯғ аз иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар изҳори хушнудӣ намуда, миннатдорӣ ва самимияти беандозаи худро баён доштанд.
  Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳайати гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони шаҳри Хорӯғ вобаста ба масъалаҳои истифодаи босамари заминҳои наздиҳалигӣ, сарфаи неруи барқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи донишандӯзӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳангпарварӣ ва созандагиву бунёдкорӣ, риояи ќоидањои бењдоштї ҳамсуҳбат шуданд.
  Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” чоп гардида, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим карда мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон