СМРМ: ВОХӮРИИ ШАРИКОНИ РУШД БАРГУЗОР ГАРДИД

04-03-2021
4- уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шарикони рушд барои дастгирии татбиқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гаргид, ки дар онФ таъмини маблағгузории давлатӣ, хусусӣ ва дигар паҳлуҳои амалигардонии ин санад мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.
Дар вохӯрии мазкур Нуралӣ  Собирзода- муовини вазири маориф ва илм, Альберто Бьянколи-мудири шуъбаи маорифи намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Саодат Бозорова-сардори маорифи Бонки умумиҷаҳонӣ ва як қатор намояндагони Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд ширкат варзиданд.
Нахуст муовини вазир Нуралӣ  Собирзода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд  дар соҳаи маориф ва илм ба шарикони рушд изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Стратегияи миллии  рушди маориф  ба бартариятҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 инъикос ёфтаанд, такя карда ба мақсад ва вазифаҳои Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) мутобиқат мекунад. Вазифаҳои банақшагирии стратегӣ аз муайян кардани чорабиниҳо ва масъалаҳо дар чорчӯбаи рушди васеи иҷтимоию иқтисодии минбаъда иборат мебошад. 
Инчунин, қайд карда шуд, ки  дар рафти татбиқи Стратегия ва бо мақсади ба даст овардани нишондоди самараноки амалишавии он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи шарикони рушд, ки аз ёрии техникӣ ва молиявӣ иборат аст, ниёз дорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳамкориҳоро густариш дода, ҷиҳати маблағгузории самтҳои афзилиятноки соҳа фикру андешаҳои хеш ва нақшаҳои ҳамкориро баён намоем.
Б. Музаффарзода- сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф оид ба афзалиятҳои соҳаи маориф ва илм, сарчашмаҳои маблағзузорӣ, натиҷаҳои дарозмуддат, хароҷоти нақшаи миёнамуҳлати 2021-2023, вазъияти маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар соли 2011-2021, нақшаи дурнамо ва саҳми шарикони рушд дар амалигардонии нақшаву ҳадафҳои дарпешистода ибрози андеша намуд. 
Шарикони рушд масъалаи беҳтар намудани  сатҳу сифати таҳсилот дар зинаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва умумиро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои худро дар ин самт ироа намуданд. 
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалигардонии бандҳои дар Стратегияи миллии рушди маориф ва илм дарҷгардида имкон фароҳам меояд, ки соҳаи маориф ва илми кишвар ба дастовардҳои бештар ноил гардад, ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамаҷониба ворид шавад ва дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос бо кишварҳои рӯ ба рушд рақобат намояд.