Семинар: таҳияи нишондиҳандаҳои буҷетӣ барои соли 2020 ва дурнамо барои солҳои 2021-2022 дар соҳаи маориф

26-07-2019
26-уми июли соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ барои соли 2020 ва дурнамо барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид. Дар он Фатҳиддин Усмонзода – муовини вазири маориф ва илм, Сергей Габршек – роҳбари Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1, Сайфуддинова Саодат – мушовири Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1, намояндагони сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маориф ва масъулони Вазорати маориф ва илм ширкат варзиданд.
Фатҳиддин Усмонзода – муовини вазири маориф ва илм иброз намуд, ки мақсади семинари мазкур даруст тартиб додан ва ба нақша гирифтани хароҷоти буҷети соҳаи маориф барои соли 2020 ва дурнамо барои солҳои 2021-2022 мебошад.
Сергей Габршек – роҳбари Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1 зимни баромадаш қайд намуд, ки маблағгузории барномаро Иттиҳоди Аврупо ба уҳда дорад. Мо дар самтҳои гуногун бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориро ба роҳ монда, аз рӯйи якчанд лоиҳа фаъолият намуда истодаем. Аз ҷумла, банақшагирии буҷет яке аз самтҳои фаъолияти мо ба шумор меравад.
Дар рафти семинар Суйфуддинова Саодат дар мавзӯи «Шарҳи тартиби таҳияи лоиҳаи буҷет барои соли 2020 ва дурнамо барои солҳои 2021-2022», Шеров Дӯстмурод дар мавзӯъҳои «Муаррифии таҳияи лоиҳаи буҷет дар асоси меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ барои соли 2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», «Нишондиҳандаҳо барои таҳияи лоиҳаи буҷет барои соли 2020 дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» ва Музаффаров Бадриддин дар мавзӯи «Таҳлили буҷети муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ дар соли 2019, пешниҳоди шаклҳои ҳисоботи маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» суханронӣ намуданд.
Дар охир миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Аҳмадшои МАСЪУД