Сару либоси миллӣ- рукни давлатдории миллӣ

10-04-2018
10 апрели соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони дастгоҳи вазорат бо муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо Латифзода дар мавзуи риояи дастурамали хизматчиёни давлатӣ, арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, тарбияи дурусти хонаводагӣ  баргузор гардид. Нахуст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ оид ба риояи сару либоси хизматчии давлатӣ, бурдани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳли маориф, омода шудани Дастурамали сару либоси кормандони маориф маълумот дод. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо  Олимӣ дар баромади хеш бо қаноатмандӣ зикр кард, ки дар Вазорати маориф ва илми кишвар, зерсохторҳои он, таълимгоҳҳои кишвар дастурамалҳои тавсиявӣ то андозае риоя мешаванд, аммо берун аз корхонаву муассисаҳо, дар кӯчаву бозор, ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳодисаҳои тақлидкорӣ ба урфу одат ва сару либоси бегона, хурофотпарастӣ мушоҳида мешаванд, ки хуб мебуд алайҳи он дастҷамъона мубориза бурд. Ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузарондани вохӯрию ҷамъомадҳо, чопи асарҳову доир намудани намоишу барномаҳои гуногун дар ин бобат натиҷаи нек хоҳад дод. Чанде аз кормандони дастгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баромадҳояшон фикру андешаҳояшонро баён сохта, гузарондани корҳои тарғиботиро дар байни аҳолӣ саривақтӣ шумориданд. Қайд шуд, ки рӯзҳои наздик Вазорати маориф ва илми кишвар  Дастурамали либосҳои тавсиявии кормандони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои онро ба чоп хоҳад расонид.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон