Салоҳият бо масъулият ҳамбаста аст

04-12-2018
Дар шароити имрӯза сифатан тағйир додани низоми таҳсилот ва бо талаби рӯз мутобиқ намудани он амри воқеист. 
Доштани дониш оид ба соҳаҳои гуногуни илм ҳоло барои пурра маълумотнок гаштан кифоя набуда, дар баробари ин, татбиқи амалии донишҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва эҷодкорӣ муҳим аст. Ин ҳама ба баланд шудани некуаҳволии мардум ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок гардонидани раванди таълим пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Яке аз ин тадбирҳои басо муҳим гузариш ба низоми нави таълим – низоми салоҳиятнокӣ мебошад.
Яке аз сабабҳои  асосии рӯй овардан ба низоми нави таълим талабот ва нақшаҳои стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Низоми нави таълим, ки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салоҳияти малакаҳои асосии иҷтимоиро (ба монанди қабули масъулиятноки қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касбомӯзӣ, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, салоҳияти тайёрии касбӣ дар бозори меҳнат, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ…) таъмин намоянд.
Стратегияи миллии рушди маориф самтҳои тағйироти низоми таълимиро мушаххас карда, гузаришро аз низоми кунунӣ ба низоми салоҳиятнокӣ ба нақша гирифтааст. 
Салоҳият дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ сазовор будан, лоиқ будан, шоистагӣ, сазоворӣ тафсир шудааст.
Мафҳуми салоҳият (салоҳиятнокӣ) акнун ҳамчун истилоҳи соҳаи маориф низ истифода мешавад.
Салоҳият маҷмӯи дониш,  малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайвандест, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маърифатӣ равона шудааст. Мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешаванд. Шахси салоҳиятнок ҳар амалеро хуб, қобилона ва боэътимодона иҷро карда метавонад.
Низоми таълими салоҳиятнокӣ низомест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ равона мешавад. Низоми таълими салоҳиятнокӣ асосан ба саволҳои «хонанда чӣ кор карда метавонад?», «хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?» посух мегӯяд. Донистан ё дониш дар низоми таълими салоҳиятнокӣ ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, муқоиса кардан ба намуна, ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад.
Дар низоми таълими салоҳиятнокӣ муносибатҳо ва раванди таълим хусусиятҳои ба худ хос доранд. Ин хусусиятҳо муносибати хонандаро ба таълим, нақши омӯзгорро дар раванди таълим, иртиботи омӯзгору хонандагонро дар ҷараёни омӯзиш муайян мекунанд. 
Донистан ва дар амал татбиқ кардани ин хусусиятҳо ба омӯзгор имкон медиҳад, ки сатҳи азхудкунии малака ва салоҳиятҳоро баланд бардошта, ҳамзамон барои ташаккули шахси масъулиятнок, ботарбия ва маърифатнок замина гузорад.  
Истифода аз усули таълими салоҳиятнокӣ комёбии омӯзгорро дар такмили сифати таҳсилот таъмин менамояд.
Шодигул Ғуломҳайдарова,
омӯзгори мактаби
№ 82-и шаҳри Душанбе