ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

24-11-2021
Таҳти ин унвон имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм, Баҳриддин Ализода-сарходими илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зубайдулло Давлатов-сардори раёсати иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, сардорону кормандони раёсату  шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъиштирок намуданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм М. Саломиён чорабиниро оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин санаи муҳим ва ҷашни муқаддас барои миллати тоҷик муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами миллӣ ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари азизамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориёнтаборамон бо тобиши се ранг: сурх-озодиву истиқлол, сафед-сулҳу оромӣ, сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Сипас, сарходими илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Ализода ва сардори раёсати иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Давлатов сухан карда, иброз доштанд, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни баланди ғоявӣ дошта, сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат, бародарӣ, озодии халқҳо, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии онҳоро талқин мекунанд. Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус мебошад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондааст, аз он гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. 
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки аз соли 1929 то соли 1992 ҳафт маротиба Парчами Тоҷикистон иваз шуда, ахиран, дар асоси Низомнома “Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид. 
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд. Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.
Зайнаб Ҳусейнова