Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2018” ҷамъбаст гардид

14-01-2019
Аз санаи 10-ум то 12-уми январи соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2018” баргузор гардид, ки дар он 5 нафар: Ғуломова Марҷона – мураббии муассисаи тамоктабии №20-и ш. Бохтар, Шогулова Ҳаётбегим – мураббии муассисаи томактабии №5-и ш. Хоруғ, Валиева Ҳанифа – мурабии муассисаи томактабии №27-и ш. Хуҷанд, Алидодова Назарбахш – мурабии муассисаи томактабии №67-и ш. Душанбе (н. Шоҳмансур) ва Рӯзимоҳи Шарифзод – мурабии муассисаи томактабии №3-и ш. Турсунзода иштирок намуда, аз рӯйи 6 шарт ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
Маросими ҷамъбастии озмун дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, Р. Содиқзода-намояндаи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм, аъзои кумитаи тадорукот, ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сурат гирифт. Латофат Назирӣ дар барои таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, махсусан, самти таҳсилоти томактабӣ сухан карда, хулосаи ҳакамон ва фармоиши вазири маориф ва илмро дар бораи эълон шудани ғолиби озмун ва қадршиносии иштирокдорон қироат намуд.
Тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамон Валиева Ҳанифа – мураббии муассисаи томактабии №27-и шаҳри Хуҷанд ғолиби озмун дониста шуда, “Мураббии соли Тоҷикистон-2018” эълон гардид. Ғолиби озмун бо мукофоти рамзӣ, мукофоти пулӣ бо маблағи 2000 сомонӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид.
Инчунин, тамоми иштирокчиёни озмун бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои рамзию молии таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.
 
Аҳмадшоҳи Масъуд – корманди
Маркази матбуоти Вазорати
маориф ва илм