ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

16-12-2021
Рӯзҳои 3-13-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 510 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. 
Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифт.
Озмуни имсола аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошта, номинатсияҳо ба чор гурӯҳ – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ ва омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷудо ва теъдоди ҷойҳо мутаносибан барои ғолибон ҷойи 1 як нафар ва ҷойҳои 2 ва 3 дунафарӣ муайян гардида буд. 
Дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ София Ширинова-хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шаҳри Роғун соҳиби ҷойи якум, Фариза Пошанбиева-хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Рушон ва Усмон Салимзода-хонандаи синфи 2-и гимназияи №2-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм ва Рӯдакӣ Норов-хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Панҷакент ва Сафиямоҳ Юсупова-хонандаи синфи 7-и гимназияи Донишгоҳи давлатии Бохтар соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ҷононаи Зикрулло-донишҷӯи Академияи ВКД соҳиби ҷойи якум, Ансоралӣ Эшбеков-донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Садриддин Негматов-донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур соҳиби ҷойи дуюм, Зебинисо Назарова-донишҷӯи курси дуюми Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ва Шоира Хуҷамардова-донишҷӯи курси 2-и Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ Ёдгори Аслинисо-докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Музаффар Сулаймонов-корманди телевизиони «Баҳористон» соҳиби ҷойи якум, Фариза Мамадназарова-омӯзгори литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ ва Фирӯза Мирахмедова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи дуюм, Бузургмеҳр Боймуродов-муҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон ва Саломат Фаттоева-омӯзгори ноҳияи Спитамен соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи адабиёти классикӣ дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ Зайнаб Зиёева-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Фарзона Сафарова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Вахш ва Ҳоҷимоҳ Нурова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Айнӣ соҳиби ҷойи дуюм, Ориёнури Султоншо-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Рушон ва Меҳрангез Набиева-хонандаи синфи 10-и гимназияи «Ганҷ»-и шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Соҳиба Изатова-донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи якум, Муродҷон Саҳобиддинов-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Гулнисо Содиқзода-донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён соҳиби ҷойи дуюм, Маликабону Рӯзиматова-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Шабоҳанги Абдусаттор-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ Наргис Мирзоева-унвонҷуи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Шодмонбибӣ Шарофова-докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм, Лоиқ Собиров-унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Исмоил Саидов-докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Муҳиба Асоева-китобдори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум, Моҳрӯ Қурбонзода-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Ашт ва Убайдулло Хуҷаёров-корманди рӯзномаи «Паёми Душанбе» соҳиби ҷойи дуюм, Ваҳдатшоҳ Мариншоев-сарбоз аз шаҳри Бӯстон ва Фирӯз Шамсиддинов-истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маъюби гурӯҳи 1 соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. 
Дар номинатсияи адабиёти муосир дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ Гулҷон Наҷмиддинова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи якум, Мудассира Нарзиқулзода-хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87-и шаҳри Душанбе ва Ҳабибулло Ҷобирзода-хонандаи синфи 9-и Гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи дуюм, Соҳибҷон Норов-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Панҷакент ва Фарзона Зафарзода-хонандаи синфи 4-и Гимназияи №2-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Исрофил Маҳмудзода-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум, Авзалшоҳ Сироҷиддинов-донишҷӯи курси 3-и  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Шарифҷон Мизробов-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм, Покиза Шодмонзода-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Шоира Давлатзода-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Муқаддам Абдуллоева-хонашин аз шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи якум, Асрор Карамалиев-истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа, маъюб ва Саида Одинаева-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи дуюм, Сайрамбӣ Воҳидова-омӯзгори Коллеҷи технологӣ-форматсевтии ноҳияи Ёвон ва Шукрона Рустамзода-ассистенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. 
Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ Ганҷина Шерализода-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Сафина Домуллоҷонова-хонандаи синфи 10-и литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Нодира Раҳимова-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи дуюм, Лайло Султонзода-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанд ва Сарвиноз Файзуллобекова-хонандаи синфи 6-и литсейи Оғохон соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Дилноза Бобомуродова-магистри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум, Аслиддин Мирзошоев-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва Насиба Ҳафиззода-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Алома Собирова-донишҷӯи курси 3-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Шаҳзодахон Бурхонова-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ Гулпарӣ Ҳусейнова-муаллими калони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум, Наврӯзи Ҷумъамурод-аспиранти Институти адабии ба номи М.Горкий ФР, мутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии ВМИ ҶТ соҳиби ҷойи дуюм, дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Мулкия Аҳтамзода-китобдори китобхонаи бачагонаи шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Зулайхо Иззатзода-омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва Шозодабегим Шукрихудоева-омӯзгори литсейи Оғохон соҳиби ҷойи дуюм, Ислом Боймуродов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Шаҳристон ва Гулчеҳра Самадова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. 
Дар номинатсияи эҷоди наср Муртазоалӣ Муродов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи якум, Мирзошариф Шарифзод-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва Ҷамила Муродова-омӯзгори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи дуюм, Садафмоҳ Азимова-хонандаи синфи 11-и литсейи №2-и шаҳри Душанбе ва Фурқат Низомов-корманди ТВ «Сафина» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. 
Дар номинатсияи эҷоди назм Родмеҳр Сулаймонӣ-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи якум, Баҳманёри Саидқул-мудири бахши шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритус ва Кӯҳзод Тағоев-муҳаррири Кумитаи телевизион ва радио соҳиби ҷойи дуюм, Давлатмурод Алиев-корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор ва Фозил Муқимзода-донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, 13-уми декабр барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 15 нафар довталаб 6 нафар – Муқаддам Абдуллоева, Муҳиба Асоева, Исрофил Маҳмудзода, Муртазоалӣ Муродов, Гулҷон Наҷмиддинова ва Софи Ширинова иштирок карданд, ки донишу ҷаҳонибинии довталабон аз рӯйи 5 номинатсия санҷида шуд. Бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи Низомномаи озмун ягон нафар ба дарёфти “Шоҳҷоиза” муносиб дониста нашуд. 
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 27 ҷой, вилояти Суғд 25 ҷой, вилояти Хатлон 10 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 ҷой ва ВМКБ соҳиби 7 ҷой гардиданд.
Нимаи якуми рӯзи 15-уми декабри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М.Сатториён, муовини якуми вазири маориф ва илм М.Саломиён ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷ.Файзализода як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин 21 нафар падару модари ғолибон бо нишони “Маърифатпарвар” қадрдонӣ шуданд. Дар баробари ин, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40 нафар иштирокчии фаъоли озмун, хусусан, пиронсолону ятимон ва камбизоатону шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, ифтихорнома ва туҳфаи молӣ бо маблағи 5000 сомонӣ ва бо дастури вазири маориф ва илм ба 10 нафар иштирокчии озмун фаъоли озмун маблағи 2000 сомонӣ тақдим гардид.
Муовини Сарвазири кишвар М.Сатториён зимни тақдими туҳфаҳо зикр карданд, ки имсол соли сеюм аст, ки зери сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад ва он ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст ва муҳимтар аз ҳама, озмуни имсола чеҳраҳои навро муаррифӣ кард.
Нимаи дуюми рӯзи 15 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки ғолибон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон, ба 21 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, маблағи 10000 сомонӣ супорида шуд. Ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, бо пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии раиси Комиссияи озмун тамоми хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои қабул шудан ба зинаи магистратура соҳиби роҳхат гардиданд. 
Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сатториён Матлубахон Амонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайти доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад. 
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон