ОЗМУНИ “ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

29-12-2021
29 декабри соли ҷорӣ дар бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии озмуни “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони “ Ташаккули тарзи ҳаёти солим ” дар соли 2021” доир гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода, роҳбари хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” Парвина Сулаймонӣ, муовини сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Зиёратшо Назрулозода иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода зимни сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки озмуни “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони “Ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар соли 2021” дар байни ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар се давр гузаронида шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ 15 муассиса аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолона иштирок карда, 5 муассисаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ оид ба тарғибу ташвиқи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни хонандагон, омӯзгорон ва ҷомеа ғолиб дониста шуданд.
Сипас, роҳбарияти 5 муассисаи ғолибомада - литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пешкини ноҳияи Рӯдакӣ, литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ, муассисаи таҳсилоти умумии №24-и шаҳри Конибодом, муассисаи таҳсилоти умумии №10- и шаҳри Норак аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм Г. Ғанизода ва роҳбари хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон Н. Раҳимова бо тӯҳфаҳои арзишманд ва сипосномаи кумитаи тадорукотии озмун қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ҳамасола дар асоси Тафоҳумнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи нуфуси аҳолиии Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “Ҳамсол ба ҳамсол” баргузор мегардад. 
Зайнаб Ҳусейнова