ОЗМУНИ «ДОНИШ ВА ҲУНАР» БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

05-10-2018
Ҳамасола 5-уми октябр дар қаламрави Тоҷикистони азизамон рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон баъд аз қабули қонун дар соли 1989 ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад. Махсусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои инкишофи забони тоҷикӣ шароитҳои мусоиде фароҳам гардид. Пеш аз ҳама, шароити мусоиди сиёсӣ имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бе ягон маҳдудият мавриди истифода қарор гирад. 
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ озмуни «Дониш ва ҳунар» бо иштироки хонандагони маҳфилҳо баргузор гашт. Дар чорабинии идона нависандаи халқии Тоҷикикстон Кароматулло Мирзо, намояндаи Вазорати маориф ва илм М. Бобомуродов, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ У. Сафарзода ва ҳайати кормандону таълимгирандагони марказ иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ У. Сафарзода баромад намуда, ҳамагонро ба ин санаҳои фархунда муборакбод гуфт. Кароматулло Мирзо барои шогирдон аз асолат ва таърихи забони тоҷикӣ ва посдории он аз ҷониби насли наврасро таъкид намуд.
Озмуни «Дониш ва ҳунар» бо фарогирии шартҳои ҷолибу шавқовар баргузор гашт. Тарбиятгирандагон дар ҳама бахшҳои озмун фаъолона ширкат намуда, дар охир барои ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон ифтихорнома тақдим гардид.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО-корманди
маркази матбуоти Вазорати 
маориф ва илм