ОҒОЗ БАХШИДАНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ №9 ВА 60-И НОҲИЯҲОИ ПАНҶУ КӮШОНИЁН

28-12-2021
28-уми декабри соли равон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси вилояти Хатлон Заробидин Файзуллозода, раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён, роҳбари лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Баҳром Сатторӣ ва сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илм Дилшод Сафарзода ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Пахтакори деҳоти Кабут Сайфидинови ноҳияи Панҷ оғоз бахшида шуд.
Зимни суҳбат бо сохтмончиёну сокинони деҳа иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҳисоби марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд оғоз мегардад. Фармоишгари иншоот Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Самар СН” ба анҷом расонида мешавад.
Ҳамчунин, бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси вилояти Хатлон Заробидин Файзулозода, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин, роҳбари лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Баҳром Сатторӣ ва сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 барои 192 ҷойи нишаст дар деҳаи Чорбоғи деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён оғоз бахшида шуд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд оғоз мегардад. Фармоишгари иншоот Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” мебошад.
Бахтовар САФАРОВ