ОМОДАГӢ БА ОЗМУНИ «“ТОҶИКОН” - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

20-01-2023
Имрӯз 20 январи соли 2023 Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «"Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат» бо иштироки Раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он ҳама аъзоёни комиссияи мазкур иштирок доштанд.
Дар ҷаласа се масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Дар аввал оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти омодагӣ ба гузаронидани озмуни мазкур котиби комиссия оид ба баргузории даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат», муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед баромад карда, омодагии Вазорати маориф ва илмро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд.
Сипас атрофи масъалаи омодагиҳо ба даври аввали озмун, ки моҳи феврали соли ҷорӣ доир мегардад, аъзоёни комиссияи озмун фикру назари худро иброз намуданд. Таъкид гардид, ки ба рӯйхати адабиётҳо ҳамчунин китобҳои бадеии оид ба таърих нигоштаи адибони тоҷик ҳам ворид карда шавад.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки дар ҷараёни гузаронидани даври аввали озмун бояд ба ягон хатогӣ ва камбудӣ роҳ дода нашавад, ҷиҳати баргузорӣ ва шаффофияти он назорати ҷиддӣ ва доимӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, комиссияи озмун муваззаф гардид, ки ҷиҳати таъмини китобхонаҳои мактабӣ, донишгоҳу коллеҷҳо бо китоби “Тоҷикон” бо мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо корро ба роҳ монда, тарғибу ташвиқи доимии озмунро тариқи воситаҳои ахбори омма роҳандозӣ намояд.
Диққати асосӣ ба он нигаронида шуд, ки ҳар чи бештар китобхонӣ ва донистани таърихи гузаштаи пурғановати миллати азизамон дар ҷомеа тарғиб карда шавад.
Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун қарорҳои дахлдор ҷиҳати баргузории даври аввали он дар моҳи феврал ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд.
Маркази матбуоти
 Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон