Омили калидии мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм

06-03-2019
Асри 21-ро асри илму техника ва технология меноманд. Ин моро водор месозад, то аз тамоми навгониҳои ҷаҳон бохабар бошему барои пешрафти кори худ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ аз технологияи замони муосир истифода намоем.
Кашф гардидани компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин кашфиёти асри 20 ба шумор меравад. Аммо дар асри 21 ин раванд, яъне электронигардонӣ якбора суръати баланд гирифта, кору зиндагии мардумро аз як ҷониб ба маротиб осон намуда, аз ҷониби дигар таъсирҳои манфиеро ба мардум расонид.
Агар мо аз рӯи ақлу хиради худ техника ва технологияро дуруст ва бомаврид истифода намоем, пас мо бурд мекунему ин муваффақияти мост ва агар баръакс бошад, пас моро хатари ҷиддие таҳдид менамояд.
Ба шакли мисол, аз як ҷониб рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ  ба пешрафти фаъолияти инсонӣ таъсири мусбат расонида, тараққии он муаррифии тамоми соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд ва аз ҷониби дигар гаравиши аҳолиро, алалхусус ҷавононро,  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ зиёд намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамқадам бо давлатҳои дигари ҷаҳонӣ, пайи тараққӣ ва рушдёбии тамоми соҳаҳои басо ҳам муҳим тадбирандешӣ намуда истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин қайд намуданд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».
Имрӯзҳо як вирус ҷомеаи ҷаҳонро нороҳат намуда истодааст, ки аз он башарият чашм пӯшида наметавонад ва ҳама  якҷоя аз пайи нест намудани решаи он ҳастанд. Ҳамин аст, ки пайваста дар ҳар як гӯшаи олам ҳар гуна семинарҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбатҳою вохӯриҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, ба монанди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез: таҳдидҳо, чолишҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ», «Хусусиятҳои истифодаи забони душманӣ дар кори тарғибот ва зидди тарғиботи тундгароӣ», «Нақши воситаҳои ахбори омма дар мубориза бар зидди идеологияи тундгароӣ»  доир гардида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.   Соли 2016 бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020” тасдиқ гардид. 
Дарвоқеъ, ба мо маълум аст, ки роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пӯшида, таҳаввулоти ногаҳонӣ, сӯиқасдҳо ва мушкилоти дигар аст. Ҳамаи ин монеаҳоро мо танҳо бо доштани ҳамон “силоҳ”-и пуриқтидор - зиракии сиёсӣ гузашта метавонем. Имрӯз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо, шаҳрвандон, мебошад.
Б.Ҷабборов, 
муовини ректор оид ба 
корҳои тарбиявии Донишкадаи 
соҳибкорӣ ва хизмат,
Ҷ.Абдиев, 
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
                                                                                                                                Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат