Ҳомии Ватан

23-02-2018
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад, имсол 25-сола мешавад. 
Тӯли 25 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардаанд. 
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба мушкиливу душвориҳои вазъи сиёсӣ дучор гардида, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани авзои ҷомеа аз худ шуҷоату матонат нишон дода, ба ҳадафҳои неки сулҳҷӯёнаю мақсадҳои бунёдкоронаи худ расиданд. Ин ҳама талошу заҳматҳо, ки барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва осудагии ҳаёти мардум равона гардида буданд, рамзи садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба сокинони он буд, ки афсарону сарбозони ҷавону шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ аз худ нишон доданд. 
Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият вазифаҳои касбии худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар гуна амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузоранд, омода мебошанд. Зеро Тоҷикистонро ба ҷуз фарзандони бонангу номуси диёр, содиқ ба Ватану миллат, каси дигар ҳифз наменамояд. 
Ҳар як фарди ватандӯст, махсусан, масъули таълиму тарбия бояд дар қалби наврасону ҷавонон эҳсоси садоқат ба Ватан ва давлату миллат-ро бедор намуда, онҳоро раҳнамоӣ созанд, то онҳо тавонанд дар шукуфоии Ватани худ саҳм гузоранд ва хизматро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо оранд. 
Хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ низ бояд тавассути омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ аз ҳадафҳои ватанпарастона огаҳ бошанд, то тавонанд дар ҳимояи Ватани азизи худ ва шукуфоии он саҳме дошта бошанд. Ҳар як фарди ватандӯст, масъулини таълиму тарбия, падару модарон ва нафарони бонангу номус бояд дар қалби хонандагон эҳсоси садоқат ба Ватан, ба давлату миллат ва сокинони онро бедор намуда, онҳоро раҳнамоӣ намоянд, то барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона омода шаванд.  
Чорабиниҳои ҳарбӣ-ватанпарастӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор мегарданд. Соли равон шурӯъ аз ибтидои моҳи феврал мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъба вобаста ба ҷашни фархундаи 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай муассисаҳои таълимии №№ 1, 3, 4, 8, 9, 15 ва литсейи давлатии «Нурбахш» чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ баргузор намуданд. Натиҷаи заҳмати чунин омӯзгорон аст, ки ҳамасола ҳангоми даъвати наваскарон 35 – 40% ҷавонон бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат менамоянд ва сарбаландона қарзи фарзандии худро дар назди Ватан – Модар анҷом медиҳанд.
Ногуфта намонад, ки дар чорабиниҳои ҷашнӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид, хонандагони синфҳои болоӣ фаъолона иштирок намуданд. 

А. БУТАЕВ,   
мушовири фанҳои омодагии 
дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии шуъбаи маорифи шаҳри Норак