О.МАРДОВ: “БА ОМӮЗГОРОНИ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ ФАЪОЛИЯТКУНАНДА ИМТИЁЗ ДОДА ШАВАД”

05-07-2021
Чанде пеш дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар ҳисоботи сардори раёсати маорифи ВМКБ дар соли 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 шунида шуд. Баъд аз ҷаласаи мушовара тасмим гирифтем, ки доир ба вазъи соҳаи маориф дар ВМКБ, проблемаву мушкилот ва дастовардҳои маорифчиёни вилоят бо сардори раёсат Одинашо Мардов суҳбате анҷом диҳем. Фишурдаи он пешниҳоди хонандагон мегардад:
 
-Табиист, ки фаъолияти дилхоҳ соҳа аз маблағгузории он вобаста аст. Аз ин рӯ, нахуст мехостем доир ба вазъи маблағгузорӣ, инчунин, рафти сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимии вилоят чанд андешаи худро иброз медоштед.
- Дар соли 2020 барои рушди соҳаи маорифи ВМКБ 139 925 145  сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2019 6 800 185 сомонӣ ё 5 % зиёд мебошад. Дар соли 2021 бошад, барои рушди соҳаи маорифи вилоят 159 млн  сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2020  19 млн сомонӣ ё 14% зиёд аст.  Маблағи  зикригардида  барои таҳкими заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ-тарбиявии вилоят равона карда шуда, дар самти сохтмону таъмири муассисаҳои соҳа низ корҳои назаррасе анҷом дода шуда истодаанд.
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 11 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маблағи 31 млн 594 ҳазор сомонӣ барои 1505 ҷойи нишаст сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоии №28–и деҳаи Пошхарви ноҳияи Дарвоз, ки хонандагонаш баъди хатми синфи 4 масофаи 10 км ба деҳаи дигар барои таҳсил мерафтанд, ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ табдил дода шуд.
Дар соли 2021 бошад, аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ  сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ бомаром  идома дорад, ки арзиши харҷномавии онҳо 40 млн 930 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 4 соли охир дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 54 муассисаи таҳсилоти умумӣ азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
 
-Имрӯзҳо Ҳукумати кишвар ба фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда истодааст. Вазъи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Воқеан дуруст қайд кардед, ки яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Раёсати маорифи вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ҳукумати кишвар дар ин самт, хусусан, татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025 нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, дастраси  шуъбаҳои  маорифи шаҳру ноҳияҳо гардонид. 
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо талаботи мардум барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандонашон  дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак зиёд шуда истодааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар вилоят  25119 нафар кӯдаки синни то 5-сола мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 2144 нафар ба кӯдакистон ва 6491 нафар ба маркази рушди барвақтии кӯдак  фаро гирифта  шудаанд. Ҳамзамон, 16488 нафар кӯдаки синни томактабӣ имрӯзҳо ба муассисаҳо фаро гирифта нушудаанд.
Баҳри амалӣ гардонидани Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 раёсати маорифи вилоят  дар ҳамкорӣ  бо мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ВМКБ ва шарикони рушд, аз ҷумла бо дастгирии Фонди тоҷикистонии Оғохон 260 адад, ЮНИСЕФ 25 адад, Институти “Ҷамъияти кушода”-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон 9 адад, Фонди Рупонӣ 1 адад ва соҳибкорон 2 адад, ҷамъ  297 адад маркази инкишофи барвақтии кӯдакони синни томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоятро ташкил намуд. Дар ин марказҳо 6491 нафар кӯдак таълиму тарбия гирифта истодаанд ва ба таълиму тарбияи онҳо  497 нафар омӯзгор – мураббӣ машғуланд, ки 90% онҳо аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Дар маҷмӯъ, дар ВМКБ фарогирии кӯдакони синни 1-6-сола 33,4 фоиз  ва кӯдакони  3-6-сола 41,9% -ро ташкил медиҳад.
 
-Метавонед бигӯед, ки дар вилоят ҳаст ҳолате, ки хонандагон аз таҳсилоти умумӣ дур мондаанд? Таъминоти мутахассисони ҷавон бо кор чӣ гуна аст? Дар умум, вазъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? 
-Ҳодисаи аз таҳсил берун мондани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят умуман вуҷуд надорад. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ВМКБ 313 ададро ташкил дода, аз  онҳо 64 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 45  муассисаи  таҳсилоти асосӣ ва  204 муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  мебошад, ки дар онҳо 38901 нафар хонанда (18903 нафар духтар) таҳсил намуда истодаанд.
Дар  муассисаҳои таҳсилоти умумии  вилоят  5711  нафар омӯзгор (3517 нафар зан) ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд. Аз ин теъдод, бо маълумоти олӣ 4747 нафар (81,4%), бо маълумоти олии нопурра 174 нафар (0,036%), бо маълумоти миёнаи  касбӣ  765 нафар (0,14%) ва бо маълумоти миёнаи умумӣ 11 нафар (0,004%) фаъолият менамоянд. 
Дар  соли 2020  ба  шуъбаҳои маорифи шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 368 нафар  мутахассиси  ҷавон фиристонида шуданд, ки аз онҳо 307 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд ва аз теъдоди зикршуда 82 нафарашон хатмкунандагон тибқи квотаи Президентӣ мебошанд. Аз теъдоди мутахассисони ҷавон 94 нафар ба ҷойи кор таъмин карда шуда, 73 нафар дар навбат қарор доранд ва  ҳуҷҷатҳои 116 нафар бозпас гардонида шуда, 16 нафар ҷиҳати идомаи таҳсил ба магистратура дохил шуда, 8 нафар ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда шуданд.
Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бештар дар ноҳияи Дарвоз (19 нафар), Роштқалъа (10 нафар), Мурғоб (5 нафар), Ванҷ (4 нафар) ба назар мерасад. Норасоии омӯзгорон аз фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, математика, технологияи иттилоотӣ буда, сабаби асосӣ кам будани сарбории фан, дурии роҳ ва албатта, мавҷуд набудани шароити зист мебошад. Дар умум, дар миқёси вилоят норасоии кадрҳои омӯзгорӣ 38  нафарро ташкил медиҳад.
 
-Ҳолати дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дохил ва хориҷи кишвар чи гуна аст?
-Боиси ифтихор ва хушнудист, ки ҳамасола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм нисбат ба ин масъала-қабули хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба муассисаҳои касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019–2020 аз теъдоди 2691 нафар хатмкунанда 2275 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштанд, ки дар маҷмӯъ  84,5 фоизро ташкил медиҳад. Илова ба ин, 90 нафар хонандаи синфи 9–и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят тариқи Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 2 нафарашон хатмкунандагони солҳои пешин мебошанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 аз теъдоди 2630 нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии вилоят 2134  нафар ё 81,1 фоиз аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштанд. 
Барои соли таҳсили 2019- 2020 ба хонандагони муассисаҳои  таълимии ноҳияҳои вилоят 152 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардид, ки ин теъдод мутаносибан ба ноҳияҳо чунин аст: ноҳияи Дарвоз 18 адад, Ванҷ 23 адад, Рушон 23 адад, Шуғнон 17 адад, Роштқалъа 21 адад, Ишкошим 26 адад ва барои ноҳияи Мурғоб 25 адад. 
Инчунин, 40 адад квотаи Президентии иловагӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 10 адад квотаи иловагӣ ба ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.
Ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар 173 нафар дохил гардиданд, ки аз шаҳри Хоруғ 83 нафар, Дарвоз – 4, Ванҷ – 2, Рушон – 5, Шуғнон -18, Роштқалъа -5, Ишкошим -8 ва Мурғоб -50 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ, соли 2020 аз 2691 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 1813 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ, 187 нафар тариқи квотаи Президентӣ, 173 нафар ба хориҷи кишвар, 12 нафар ба муассисаҳои қудратӣ, 210 нафар ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо, ҷамъ 2293 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва курсҳои дарозмуддат дохил шуданд, ки 88,9 фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин, таҳлилҳо нишон доданд, ки аз 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят (Шуғнон 16 мактаб, Ишкошим 7 мактаб, Роштқалъа 7 мактаб, Хоруғ 5 мактаб, Дарвоз 5 мактаб ва Рушон 2 мактаб) сад фоизи хатмкунандагони синфи 11 ба донишгоҳ ва донишкадаҳои олии дохил ва хориҷи кишвар дохил шудаанд, ки ин албатта шоистаи таҳсин аст.
 
-Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва риояи он дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони давлатӣ дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда ва масъалаи мазкур зери назорати доимӣ қарор дорад. Инчунин, ба риояи Стандарт ва барномаи таълимии фанни мазкур диққати зарурӣ дода шуда, меъёрҳои забони адабӣ, риояи забони тоҷикӣ ва насби шиору овезаҳо бо забони ноби давлатӣ ба роҳ монда шудааст. 
Дар муассисаҳои таълимии вилоят синф–кабинети забон ва адабиёти тоҷик ташкил карда шуда, гӯшаи Қонуни забон дар амал ва имлои нави забон мавҷуданд. Бо ташаббуси омӯзгорони фанни номбурда таҳти унвони «Забони модариро фархунда доред», «Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад», «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» пайваста конфронсу мизҳои мудаввар ва суҳбату соатҳои тарбиявӣ доир мегарданд.
Барои равнақ бахшидани забондонӣ дар ноҳияи Мурғоб ҳар сол курсҳои 12-рӯза гузаронида шуда, дар ин курсҳо ба ғайр аз омӯзгорони забони давлатӣ, кормандони шуъбаи маориф ва мақомоти маҳаллӣ низ ширкат варзида, такмили ихтисос менамоянд. Ҳамзамон, тренерон, ки аз байни омӯзгорони беҳтарини ноҳияи Мурғоб интихоб гардидаанд, бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ моҳе як маротиба семинарҳои дастурдиҳӣ мегузаронанд.
Бояд қайд кард, ки дар баланд бардоштани сифати таълими забони давлатӣ ва равнақ бахшидани забондонӣ мушкилиҳо низ мавҷуданд. Барои омӯзгорони забони давлатӣ гузаронидани курсҳои дарозмуддат дар маркази ноҳияи Мурғоб, зиёд намудани соатҳои  фанни забони давлатӣ, ташкил намудани семинарии омӯзиши забони давлатӣ барои омӯзгорони дигар фанҳои таълимӣ дар ноҳияи Мурғоб аз ҷумлаи онҳост. 
 
-Устод, дар рафти ҷаласаи ҳайати мушовара доир ба фаъолияти муассисаҳои зертобеи раёсат-марказҳои технологияи информатсионию коммуникатсионӣ, таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва фаъолияти академияи хурди илмҳо маълумот додед, ки фаъолияти назаррас доранд. Ҳамзамон, ҷиҳати рушди соҳа дар вилояот чанд пешниҳод низ ироа доштед, ки аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ҳамовозии бештаре пайдо кард. Мехостам, инҷо чанде аз онро номбар мекардед.
-Дар урфият мегӯянд, ки ҳарҷо кор ҳаст, онҷо камбудӣ низ ҳаст. Дуруст қайд кардед, ки дар ҷаласа пешниҳодҳои зиёдеро манзури иштирокдорон кардем ва боиси хушнудист, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чанде аз он низ вазири маориф ва илми кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пурра гардонидани воҳидҳои корӣ дар дастгоҳи марказӣ ва кабинети методии назди раёсати маорифи вилоят, дастгирии мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ ва қарорҳои Ҳукумати кишвар, фароҳам овардани шароит ба омӯзгорони ҷавон аз тарафи раисони шаҳр ва ноҳияҳо, дастгирии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, махсусан мактабҳои типпи нав дар фасли зимистон ва таъмин бо ангишт, аз квартали сеюму чорум ба квартали дуюм гузаронидани маблағгузории вобаста ба хариди ангишт пешбинишуда, азнавсозии  бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб, бо назардошти талаботҳои сокинон сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимии шакли нав дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ бо ташкили хобгоҳ барои кӯдакон аз деҳотҳои дурдаст аз ҷумлаи пешниҳодоте буд, ки гуфтем.
Ҳамзамон, яке аз мушкилоти асосӣ дар ноҳияи Мурғоб ин таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанни забони давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳод доштам, ки ба таври истисно бо ҷорӣ намудани имтиёзҳои мушаххас, аз қабили иловапулӣ ба музди меҳнат ё эътироф намудани фаъолияти дусолаи омӯзгорӣ баробар ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва додани рутба аз дигар минтақаҳои кишвар ба ноҳияи Мурғоб омӯзгорон ба кор фиристода шаванд. 
 
-Ташаккур барои суҳбат.
 
Эҳсони ХУШБАХТ