Олимпиада дар сатҳи баланд гузашт

09-04-2018
Олимпиадаҳои фаннии гуногун, ки дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронда мешаванд, ба дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон мусоидат мекунанд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои таълимӣ 7-8 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» -и шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он 700 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карданд. Олимпиада ба таври тестӣ ва фаннӣ гузаронда шуд. Дар ҷамъбаст 87 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 92 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии типи нав соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Хонандагони пешқадами таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе бо ба даст овардани  60 ҷойи ифтихорӣ (17 медали тилло, 16 нуқра, 27 биринҷӣ), вилояти Суғд бо 54 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 19 нуқра, 26 биринҷӣ), вилояти Хатлон бо 46 ҷойи ифтихорӣ (7 медали тилло, 22 нуқра, 17 биринҷӣ) соҳиби се ҷойи аввал гашта, намояндагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 19 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 4 нуқра, 13 биринҷӣ) соҳиб шуданд. Ба ғолибон тибқи Низомнома имтиёзҳо муқаррар шудааст.  Ҳашт нафар хонандагоне, ки сазовори 90-100 хол гаштанд, тибқи талаботи банди 7.7 Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагон дар сурати мувофиқат намудани фан ба ихтисос бо Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда мешаванд. Ба имтиҳони дар ММТ супоридаи хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гаштанд, 100, 75, 50-холӣ илова карда мешавад. Ҳамчунин, 64 нафар хонандаи фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи Сино (бо 29 медал), Фирдавсӣ (18 медал), Бобоҷон Ғафуров (17 медал), Данғара (15 медал), шаҳри Хуҷанд (11 медал) ва дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ МДТ «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» (13 ҷой), МТХ литсей –интернати тоҷикию русии «Ҳотам ПВ» (5 ҷой), МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе (4 ҷой) соҳиби ҷойҳои аввал гаштанд.
Мутаассифона, дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ, баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо ва тобеи ҷумҳурӣ ҷойи ифтихорие нагирифтанд, ҳатто аз баъзе шаҳру ноҳияҳо намояндае иштирок накард. 
Бо вуҷуди ин, хурсандибахш аст, ки иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо зиёд гашта, сатҳи дониши хонандагон ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия боло рафтааст.