Ғолибони озмуни «Дониш ва ҳунар» муайян гардиданд

30-07-2019
29-уми июли соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Орзӯ»-и ноҳияи Фирдавсӣ озмуни «Дониш ва ҳунар» доир гардид, ки дар он Сафарзода Умедҷон – директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули марказ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар озмун истироҳаткунандагон дар панҷ даста аз рӯи чор шарт қувваозмоӣ намуданд.
У. Сафарзода зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши амалии истироҳаткунандагон ва дар онҳо бедор намудани шавқу ҳаваси ҳунарҳои гуногун баргузор карда мешавад. То имрӯз аз ҷониби марказ даҳҳо озмун дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакону наврасон гузаронида шуд.
Пас аз анҷоми озмун ғолибон бо «Ифтихорнома»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.
Аҳмадшои МАСЪУД