НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

17-07-2021
16-уми июли соли ҷорӣ тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм М. Саломиён, Г. Ғанизода, Д. Қодирзода, Н. Собирзода, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони зерсохторҳои вазорат ва 61 нафар намояндаи расонаҳои иттилоотии дохилу хориҷи кишвар, давлативу мустақил, аз қабили рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Фараж», «Азия плюс», «СССР», «Тоҷикистон», «Халқ овози» «Мароми пойтахт», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Хорпуштак», «Илм ва ҳаёт», «Русский язык и литература в школах Таджикистана», оҷонсиҳои иттилоотии «Ховар», «Авесто», «Азия плюс», «Рейтер», шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Баҳористон», «Илм ва табиат», «Душанбе HD», «Россия сегодня», «РИА Новости», радиоҳои «Ховар», «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Ватан», «Имрӯз», «Радиои Озодӣ», намояндагони НАНСМИТ, Маркази татқиқоти журналистии Тоҷикистон ва ғайра иштирок намуданд. 
Барои намояндагони васоити ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 дар шакли китобча пешниҳод карда шуд.  
Дар оғоз вазири маориф ва илми кишвар М. Имомзода таъкид намуд, ки вобаста ба самтҳои муҳими соҳа ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2021 Варақаи иттилоотӣ таҳия шуда, як ҳафта қабл дар сомонаи вазорат ҷой дода, инчунин, се рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ расман ба суроғаи электронии 38 нашрия, 4 оҷонсӣ, 11 телевизион, 11 радио ва тамоми хоҳишмандон, аз ҷумла, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол гардид. Аз ин рӯ, бо назардошти сарфаи вақт нишасти имрӯза тариқи саволу ҷавоб сурат мегирад.
Дар рафти нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба ҷалби хонандагону донишҷӯён ба “маршировка”, тақдири донишҷӯёни тоҷики дар Қирғизистон таҳсилдошта, гаронии нархи чипта барои рафтани донишҷӯёни тоҷик ба Федератсияи Россия, ҷалби омӯзгорон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои Тоҷикистон, норасоии китобҳои дарсӣ дар мактабҳои русӣ, мактабҳои дар вагонхонаҳо қарордошта, дар давраи пандемия роҳандозӣ гардидани дарсҳои фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, таъсиси муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Малайзия дар Тоҷикистон, имтиёзҳои омӯзгорон, тағйиру иловаҳои нав ба имлои забони тоҷикӣ, сафарбар кардани магистрантону докторантон ба хизмати ҳарбӣ, тағйири буҷаи вақти таҳсил ва омилҳои аз 14-уми июн ба 7-уми июн гузарондани анҷоми соли таҳсил, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар пайи заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт, ҷудо шудани бурсияҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо телевизиони “Илм ва табиат”, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактаби №12 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, дарс гуфтани омӯзгорони нафақахӯр дар мактабҳо, ҷамъоварии пули таъмир дар мактабҳо ва чанде дигар вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ посухҳои мушаххас доданд.
Бахтовар Сафаров -
мутахассиси Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм