НАВРӮЗ: БАЪЗЕ ОИН ВА АНЪАНАҲОИ ОН

20-03-2018
Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги мардуми ориёӣ, махсусан дар солҳои соҳибистиқлолии миллии кишварамон шукӯҳу шаҳомати хоси идона пайдо кардааст. Вобаста ба маросим, анъана ва оинҳои Наврӯзи оламафрӯз дар гузашта (бо забонҳои паҳлавӣ, форсии нав ва арабӣ) ва дар ин айём бо забонҳои гуногун асарҳои зиёд ва таҳқиқотҳои муфассале ба нашр расидаанд. Имсол нуҳумин ҷашни байналмилалии он дар Тоҷикистон ва қисме аз минтақаҳои олам ботантана ҷашн гирифта мешавад. 
Наврӯз ҳамчун Иди фархундаву фараҳбахше, ки табиат аз хоби тулонии пирӣ ҷавон бархоста, сарсабзу гулафшону муаттар мегардад, чеҳраи сероби дилрабояшро ба ҷилва оварда, ба дилҳо эҳсоси умеду хуррамӣ, ба машом тозагию накҳати сабзаю майса, гулу себарга ва ба ҷисму руҳ сабукӣ эҳдо мекунад, албатта тасхиргари дилу хотири ҳар фард буда, беасар намемонад. 
Наврӯз ва оину анъанаҳои он барои ҳамаи халқҳои ориёӣ ба истиснои баъзе аз ҷузъиёти он умумияти ягона дорад. Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ қайд мекунад, ки «Аҳли Суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре дар рӯзҳои маълум ва рӯзҳои гаронмиқдоре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст».
Доир ба Наврӯзи Суғд Абӯрайҳони Берунӣ маълумоти муфассале овардааст, ки аз ҷумлаи чунин ақидаи ӯ барои равшанӣ андохтан ба асли мақсад- таърихи ҷашни Наврӯз ва маросими он муҳим аст: «Навсард- рӯзи аввали он Наврӯзи суғдиён аст, ки Наврӯзи бузург бошад- қайд кардааст Абӯрайҳони Берунӣ дар  боби «Дар идҳо ва моҳҳои суғдиён»-и асараш «Осор-ул-боқия». Ва рӯзи бистуҳаштуми он зардуштиёни Бухороро идест, ки «Ромиши оғом» меноманд. Ва дар ин ид дар оташкадае, ки наздики қарияи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин оғомҳо назди онон азизтарини идҳо аст. Ва дар ҳар деҳе, ки бошанд, назди раиси худ барои хӯрдану ошомидан ҷамъ мешаванд. Ва ин ид барои эшон дар чандин навбат аст».
Аз ин маълумот бармеояд, ки расму оинҳои бо ҳам дидани ҷашни Наврӯз, махсусан дар деҳот, бо дастаҷамъӣ ташкил ва гузаронидани маъракаҳои ид дар фарҳанги мо анъанаҳои дурударози таърихӣ доранд, ки хушбахтона меросияти онҳо то ба кунун расидааст. 
Агар ба ҷашни Наврӯз ва мақоми он дар ҷомеа чашмандозӣ кунем, равшан хоҳад шуд, ки равобити зиёдеро дар таркиби маросим ва анъанаҳои фарҳанги ҷашнии бисёр халқҳои ҷаҳон мушоҳида менамоем. Масалан, умумияти байни ҷашни миллии форсизабонон Наврӯз ва идҳои бузурги мисриён-Осирис ва юнониён-Адонис мавҷуд аст. Дар ҷашнҳои мисриёну юнониён тантанаҳо бахшида ба бедоршавии табиат, эҳёи олами пир, оғози ҳамагуна кор таҷлил мегардид, ки дар Наврӯзи мо низ чунин анъанот пойдор аст. 
Густариши Наврӯз дар Машриқу Мағриб хеле барвақт оғоз ёфта, ҳанӯз дар қарнҳои то пайдоишу рушди зардуштия шакл гирифтааст.
Рубоии зерини мардуми Хуросонро беибо метавон гувоҳи ин гуфтаҳо ҳисобид: 
 
Ҷашни Наврӯз аз замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон.
Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,
Шамъу шамшоду шоя андар хон.
 
Шамъи «ҳафт шин»-и хони наврӯзӣ рамзи ғолибияти нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва равшанӣ бар торикиро дошт. Мувофиқи таомулоти расмӣ шамъро вобаста ба аъзои ҳар оила мегузоштанд. Хомӯш кардани шамъ ҳам рамзӣ буд. Онро бо барги сабз ва ё сабза пӯшонида хомӯш мекарданд.
Наврӯз дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониҳо болу пари истиқлол кушод ва ба фарҳанги ҷашнии башарият бисёр маросиму анъана ва оинҳои некро ворид сохт. Танҳо ёдовар шудани анъанаи дар Соли Нави аврупоиён афрӯхтани шамъ таърихан аз фарҳанги ҷашнии ниёгони мо ғизо гирифтааст, кофист. 
Ба ҳукми анъана даромада буд, ки ниёгонамон дар ҷашни Наврӯз хони идонае бо «ҳафт шин» меоростанд. 
Бо мурури замон ва гузашти айём доира ва доманаи Наврӯз фарохтар шуд. Роҳи Абрешим омили густариши Наврӯз гардид. Савдогароне, ки тавассути Роҳи Абрешим дар арафаи Наврӯз ва ё рӯзҳои наврӯзӣ, махсусан ба сарзамини ниёгонамон ба сафар мебаромаданд, аз оинҳои наврӯзӣ огаҳӣ меёфтанд ва ин омили ба тамаддуни дигар халқиятҳо роҳ ёфтани Наврӯз шуд.
Ардашери Бобакон-асосгузори сулолаи Сосониён дар соли 230-и мелодӣ аз давлати Рум, ки аз ӯ шикаст хурда буд, хост ки Наврӯзро дар ин кишвар ба расмият бишносанд. Ин дархост мавриди пазириши қайсари Рум қарор гирифт ва Наврӯз дар қаламрави Рум бо номи Lupercal ҷашн гирифта шуд. Дар ин даврон расм шуда буд, ки дар Наврӯз бомдодон мардум ба якдигар об мепошиданд. Наврӯз дар замони Сосониён на камтар аз шаш рӯз ва дар ду давра ҷашн гирифта мешуд: Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма ва Наврӯзи бузург, ки бо номи Наврӯзи хоса низ машҳур буд. Наврӯзи омма панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хоса барпо мегашт. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзии омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашрофон) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ онҳоро мешунид ва барои ҳалли мушкилот ва ё дархости онҳо дастур медод. Дар рӯзи шашум ба назди шоҳ танҳо наздиконаш меомаданд. 
Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор нишаста, тайи панҷ рӯз мардумро қабул карда, ҳоҷати онҳоро мебароварданд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин касе, ки ба ҳузури шоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи хеш пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд.
Вобаста ба ин қайдҳои олими амрикоӣ В.Эберхардро дар бораи он ки ду анъанаи наврӯзӣ-яке ба ҳамдигар об пошидан ва дигари таъсису истиқболи корвони наврӯзӣ (метавон онро карнавал гуфт), ки дертар ба ҷашни солинавии хитоиҳо ва як қатор халқиятҳои дигар ворид шуд, мисол овардан мумкин аст. Эберхард зикр мекунад, ки «Хусусияти характерноки ҷашни мазкур ин буд, ки мардҳо аз кӯчаҳо гузашта, ба ҳамдигар ва ҳамаи тамошобинон об мепошиданд, раққосон дар намоишҳо ширкат меварзиданд ва баъзеи онҳо ҳамроҳи савдогарон ба Хитой мерафтанд. Ҷашни Наврӯз дар Осиёи Марказӣ ва Хитой ба ҳукми анъана даромада буд».
Бо вуҷуди таъқибу тасаллути арабу ислом дар Эрону Осиёи Миёна Наврӯз на ин ки завол наёфт, балки бо тамоми оину анъанаҳояш густариш ёфта, ҳатто дар давраи хилофати фотимиёни Миср ҷашни Наврӯз ҳамчун Соли Нав ба ҳукми анъана даромад. Шодбошгӯиҳои мардум дар кӯчаҳо ва ба рӯи ҳамдигар обпошиданҳову ҳазлу шӯхиву хушҳолиҳои мисриён то соли 946-и мелодӣ давом кард. Ҳарчанд дар ин сол ҳокимон об пошиданро расман мамнӯъ эълон карда бошанд ҳам, лекин пеши роҳи ин анъанаро гирифта натавонистанд. Бо вуҷуди дар соли 974 аз ҷониби халифаи Миср расман мамнӯъ эълон карда шудани ҷашни солинавии Наврӯз - халқ баръакс онро на ин ки як, балки се рӯз ҷашн мегирифтагӣ шуданд.  
Бо мурури замон ҷашнгирии иди Наврӯз ва анъанаҳои он на ин ки ба насрониёну мисриён, балки ба идҳои мусулмонӣ низ ворид шуд. Арабҳо, вақте ба Аҷам исломро оварданд, чи будани Наврӯзро намедонистанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» аз қавли яке аз Аббосиён меоварад, ки форсе дар Наврӯз ба Пайғомбари ислом (с.с) ҳалво овард. Пайғомбар пурсид: «Ин чист?», гуфт: «Наврӯзӣ овардам». Пурсид: «Наврӯз чист?», гуфт: «Ҷашни калони порсиён аст. Ҷашн якчанд рӯз давом мекарда ва дар он рӯзҳо сайри саҳрою боғу бустонҳо, зиёфат, туҳфаҳои идона бурдан ба дӯстон ва ҳамсоягон ба амал меомадааст ва бад-ин равиш марду занҳо, бачаҳо аз нашъаи ҷонбахш ва рангу бӯи диловези баҳорон баҳравар мешудаанд». 
Арабҳо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кӯшиши аз байн бурдани ин ҷашни қадимию анъанавии халқҳои маҳаллиро карданд. Вале халқ новобаста ба тазйиқу мамониати аҷнабиён Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Арабҳо ноилоҷ иҷозат доданд, ки халқи маҳаллӣ Наврӯзро бо номи «Суннати Ҷамшед» ҷашн гиранд. Ҳамин тавр, ба ивази ҳафт «шин»- (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шиннӣ, шир, шона), дастурхони наврӯзиро бо ҳафт «син»- (сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷит, сир, себ ва сипанд) меороянд. 
Ҳарчанд, арабҳо ба ҷойи анъанаи бостонии эрониёни қадим- оростани хони идонаи наврӯзӣ бо «ҳафт шин» ба иллати яке аз унсури номақбули онҳо- «шароб»- хони наврӯзиро иборат аз «ҳафт син» эълон карда, минбаъд оростани хони наврӯзӣ бо «ҳафт син»-ро талқин ва талаб намуданд, лекин он шакли анъанаи қаблии худро бегазанд нигоҳ дошт ва бо истифода аз анъанаҳои қаблӣ ва баъдан воридшуда (амсоли «ҳафт син», «ҳафт мим», «Оташи чаҳоршанбеи сурӣ», «Сездаҳбадар», «Хонатаконӣ») боз ҳам мукаммалтару гиромитар ва фархундаву ҷаҳонӣ гашт.
Саид Нафисӣ дар ин хусус қайд кардааст, ки : «Дар Эрони қадим одат шуда буд, ки дар иди Наврӯз ҳар касе ба дӯстони худ ширинӣ ҳадя менамуд ва ё ширинӣ мефиристод ва ин одат на ин ки танҳо дар Эрон боқӣ монд, балки дар байни туркони усмонӣ низ роҳ ёфт ва онҳо дар иди фитр барои дӯстони худ ширинӣ мефиристоданду ин идро «шакарбайрамӣ»- яъне иди шакар меномиданд». Ин ки ҳамасола дар идҳои мусулмонии Рамазону Қурбон хони идона ороста, бо номгӯи ғизову анвои хушлаззат оро медиҳанд ва ба ҳамдигар, махсусан ба кӯдакон шириниву туҳфаҳо ҳадя мекунанд, беибо давоми анъанаҳои ҷашнгирии Наврӯзи бостон аст (Р.С.). 
Наврӯзро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрону Туркия, Чину Россия, Ҳиндустону Афғонистон, Покистону Озорбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва дигар кишварҳо аксар бо номи шабеҳи як мафҳум; тоҷикон-«Наврӯз», озарҳо- «Novruz», туркҳо- «Nevruz», бошқирду тоторҳо- «Неуруз», қазоқҳо- «Наурыз», қирғизҳо- «Нооруз», тоторҳои Қрим- «Navrez», ӯзбекҳо- «Navroz», туркменҳо- «Nowruz», курдҳо- «Newroz», ки маънои ҳамаи ин рӯзи нав аст,  ҷашн мегиранд.  
Муҳиммият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки дар давоми мавҷудияти беш аз панҷҳазорсола дар баробари пурра нигоҳ доштани оину анъанаҳои худ номи таърихию мантиқии худро низ нигоҳ дошт. Имрӯз халқҳои гуногуни дунё ҷашни Наврӯзро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта ва аз хоби тулонии пирию карахтӣ ҷавону нарм ва сабзпӯшу гулафшон бархостани он, ҳамчунин дилкашу назаррабо ва тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Зикри Абӯрайҳони Берунӣ- «Наврӯз ибтидои офариниши олам аст» ноҷо нест. Бегумон, нахустрӯзи офариниши оламро ҳамчун оғози Соли Нав- Наврӯзи оламафрӯз- ғолибияти равшанӣ бар торикӣ, гиристани абри найсону хандаи замину замон, рӯидани сабзаву майса, гулу себарга, насими форами боди баҳорӣ, чаҳ-чаҳу хониши паррандагон, хушҳолии кӯдакон, сайри дашту даман, насими тоза ва парниён гаштани табиат ҳисобидан равост.   
Инак, баҳори нуҳум аст, ки ҷашни Наврӯз ҳукми байналмилалиро гирифта, дар аксари кишварҳо онро мардум новобаста аз дину мазҳабашон таҷлил мекунанд ва ин ҷашн омили муттаҳидкунандаи халқиятҳо ба шумор меравад. Боиси хушнудӣ аст, ки бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси гаронбаҳои фарҳангии башарият - ЮНЕСКО ворид карда шуд ва ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Ифтихори мо тоҷикон он аст, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи оламафрӯз нақши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Раҷабалӣ Сангов- сардори
шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ      
ва котиботи Вазорати маориф    
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон