МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ: ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР СОҲИБИ “ҶОМИ ДМТ” ГАРДИД

25-06-2021
25-уми июни соли равон дар толори хурди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” доир гардида буд, ҷамъбаст гардид. 
Дар оғоз ректори донишгоҳ Қ.Хушвахтзода иштирокчиёни мусобиқаи мазкурро самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи шоҳмот ҳамчун намуди ҷолиби варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус устодону кормандон ва баланд бардоштани маҳорати касбии шоҳмотбозон мебошад. 
Сипас, сардовари мусобиқа, раиси Федератсияи шоҳмоти шаҳри Душанбе, довари дараҷаи байналмилалӣ Илҳом Юнусов дар робита ба ҷараёни мусобиқа ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани он суханронӣ намуда, таъкид кард, ки бори дуюм аст чунин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо иқдоми роҳбарияти ДМТ баргузор мегардад. 
Ҳамин тариқ, ҷойи якум ба дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав («Ҷоми ДМТ», Дипломи дараҷаи I ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ), ҷойи дуюм ба дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино («Ҷоми хурди ДМТ», Дипломи дараҷаи II ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ) ва ҷойи сеюм ба дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ («Ҷоми хурди ДМТ», Дипломи дараҷаи III ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ) дода шуд. 
Инчунин, иштирокчиён Илҳом Юнусов, Зебо Раҳматова, Сайдалӣ Назмишоев ва Пирмаҳмад Раҷабов барои хуб фаъолият намуданашон дар ҷараёни мусобиқа бо «Ифтихорнома»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. 
Ҳамзамон, намояндагони беш аз 20 донишгоҳу донишкадае, ки дастаҳои устодону кормандонашон дар мусобиқа ширкат варзиданд, бо «Сипоснома»-и донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.