МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ  «ҶОМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

11-01-2021
10-уми январи соли ҷорӣ дар толори варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш – гарави солимии ҷомеа» миёни муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф мусобиқаи даставӣ оид ба футболи хурд оғоз гардид.
Зимни ифтитоҳои мусобиқа Д.Қодирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки ҳадафи асосии баргузории мусобиқаи даставӣ миёни муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф оид ба футболи хурд саҳми муносиб гузоштани кормандони соҳаи маориф ва илм дар татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат дар самти варзиш, махсусан рушди футбол, амалигардонии Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021, тарғибу ташвиқ ва оммавигардонии футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни кормандони соҳа, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ мебошад. 
Дар мусобиқа кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф дар ду гурӯҳ (то 35-сола ва аз 35 сола боло) ширкат меварзанд. Ҳамчунин, тибқи Низомномаи мусобиқа дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ мусобиқаи мазкур доир гардида, дар марҳилаи ниҳоӣ ғолибони минтақаҳо байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.