МУШОВАРА: ДАР ИҶРОИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ САҲЛАНГОРӢ НАШОЯД

15-07-2019
13 июли соли равон дар толори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаи фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазир Фатҳиддин Усмонзода, Латофат Назирӣ, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибитидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони зерсохторҳои вазорат ширкат варзиданд. 
Муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Р. Мирбобоев  доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 маълумот дода, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф мусоидат мекунад. 
Дар идома, таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» қабул шуд, ки ба тақвияти заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Барои иҷрои амалии қарори мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 3 маротиба мактуби дастурӣ ирсол карда шуд.
Мутаассифона, дар давоми соли 2018 ва 6 моҳи соли 2019 барнома танҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд татбиқ гардида, дар дигар шаҳру ноҳияҳо иҷро нагардидааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи харидории кабинетҳои фаннӣ ба 62,3% баробар буда, шаҳру ноҳияҳои Роғун, Рӯдакӣ, Нуробод, Файзобод, Шаҳринав нақшаро иҷро кардаанд. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рашт ва Лахш ягон кабинет харидорӣ карда нашудааст. Шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор қисман таҷҳизоти озмоиши харидорӣ намуда, иҷроиши нақшаро таъмин накардаанд.
Дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаи харидории кабинетҳои фаннӣ ба 20,3% баробар буда, танҳо ноҳияи Қубодиён нақшаро пурра иҷро намудааст. Ноҳияҳои Хуросону Шамсиддин Шоҳин ва Ёвон қисман (40%) нақшаро иҷро намудаанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят  иҷрои нақшаи татбиқи барнома умуман таъмин нагардидааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи харидории кабинетҳои фаннӣ 48 адад муайян шуда бошад ҳам, ягон кабинет харидорӣ карда нашудааст.
Аз ин рӯ, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки  дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Тибқи талаботи нақшаи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бояд дар 5 сол 52017 адад компютер харидорӣ намоянд. Нақшаи харидории компютер дар соли 2018 10378 адад буда, харидории компютер 3171 ададро ташкил медиҳад, ки он 31%-и иҷрои нақшаро дарбар мегирад. Нақшаи харидории компютер дар соли 2019 10387 адад буда, дар шашмоҳаи аввали соли 2019 888 адад компютер харидорӣ шудааст, ки он 9%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар соли 2018 1787 тахтаи электронӣ ва 2486 адад видеопроектор харидорӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар соли 2019 нақшаи хариди тахтаҳои электронӣ 600 адад буда, дар соли 2019 112 адад харидорӣ гардидааст, ки он 19 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Дар иртибот ба ин масъала, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифро мебояд ҷиҳати харидорӣ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо компютер, принтер, тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.
Тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар 5 соли татбиқшавии он (солҳои 2014-2018 ва 6 моҳи соли 2019) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 675 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ сохта мешуд. Дар 6 моҳи соли 2019 3 муассисаи таълимии хусусӣ, аз ҷумла, Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ, гимназияи «Шахсият» ва литсейи «Адолат» дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар умум, шумораи тарбиятгирандагон дар  муассисаҳои томактабии хусусӣ ба 8200 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда қонеъкунанда нест.
Илова бар ин, дар муддати 5 соли амалишавии барнома бояд 331 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил мегардид. Мутаассифона, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 42 муассиса ва дар давраи амалишавии барнома 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ (дар шаҳри Душанбе - 5, вилояти Хатлон - 1, вилояти Суғд - 7 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Ҳисор – 1) муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки 4,2%-и иҷрои барномаро дарбар мегирад. 
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то имрӯз ягон муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода нашудааст. Дар шаҳри Душанбе 35,7%, вилояти Суғд 8,3%, вилояти Хатлон 1% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1% иҷрои барномаро таъмин намудаанд. Дар ҷумҳурӣ иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.
Дар идома Р. Мирбобоев қайд кард, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва ва илм қарор дорад ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Аз ин ҷост, ки шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 649 адад ва шумораи тарбиягирандагон ба 97573 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2017 34 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4520 нафар кӯдак зиёд мебошад. Дар робита ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти таъсиси маркази инкишофи кӯдак корҳои зиёд амалӣ шудааст. Дар нимсолаи  аввали 2019 1812 адад марказ бо фарогирии 48346 нафар кӯдак амал мекунанд.
Тибқи дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» омода гардида, пас аз мувофиқа ба вазорату кумитаҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №316 аз 22 июни соли 2019 тасдиқ гардид. Мақсад ва вазифаҳои асосии барномаи мазкур рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, фарогирӣ ва амалӣ намудани нишондодҳои муҳим дар зинаи таҳсилоти томактабӣ  мебошад. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз мушкилоти асосӣ нокифоя будани маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт вобаста ба талабот, махсусан дар деҳот вазъият беҳбудиро талаб менамояд. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ба мизу курсӣ ва рахти хоб, таҷҳизоти варзишӣ, адабиёти бачагона, бозича ва асбобҳои аёнии таълимӣ ниёз доранд. Маблағи аз буҷети шаҳру ноҳияҳо барои хариди таҷҳизоти нарм ҷудошуда дар таъмини талаботи мавҷуда кифоя набуда, зарур аст, ки маблағгузории соҳа таҷдид назар карда шавад.
Р. Мирбобоев қайд кард, ки Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои рушди ҳаракати олимпӣ ва дарёфти хонандагони болаёқат фаъолияти хуб ба роҳ монда, якчанд намуди олимпиадаро баргузор намуд. Агар дар ҷумҳурӣ то соли 2012 ҳамагӣ як олимпиада баргузор мегардид,  айни замон 10 олимпиада, аз ҷумла, 7 олимпиадаи  фаннӣ, 2 олимпидаи лоиҳавӣ ва як олимпиада оид ба шоҳмот баргузор мегардад. 
Дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” бори аввал дар ҷумҳурӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ олимпиада аз фанни забони англисӣ “Спелинг Би” байни синфҳои 5-7 баргузор гардид. 
Хонандагони кишвар дар баробари иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз аввали соли 2019 дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия ва Америка баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 194 медал, аз ҷумла, 49 медали тилло, 51 медали нуқра ва 91 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 медал зиёд мебошад. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати рушди хонандагони болаёқат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020”-ро қабул намуд. Тибқи талаботи барномаи мазкур бояд дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил, бо воҳидҳои корӣ, мустақилияти молиявӣ таъмин ва бо кабинетҳои фаннии дорои таҷҳизоти мусоид муҷаҳҳаз гардонида мешуд. Мутаассифона, гарчанде амалишавии барнома ба анҷом мерасад, то ҳол ба истиснои шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт чораҳои дахлдор андешида нашудаанд.   
- Кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ яке аз масъалаҳои муҳими замон ба шумор меравад. Бо мақсади риояи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва таҳти назорати ҳамешагӣ қарор додани масъалаҳои раванди таълиму тарбия, ташаккули шахсият ва кафолату таъмини ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан ва виҷдон, ҳуқуқ ба моликият, манзил, меҳнат, истироҳат, фароғат, зиндагӣ ва амсоли инҳо, ки зери назорати ҳамешагии Пешвои муаззами миллат қарор дорад, аз ибтидои соли равон дар сохтори Вазорати маориф ва илм раёсат оид ба тарбия ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Дар сохтори раёсати мазкур шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва рушди барвақтии кӯдак амал менамояд, ки ҳадаф аз он ташаккули низоми таҳсилоти томактабӣ ва рушди инкишофи барвақтии кӯдак мебошад.
Масъулини раёсат дар ҳамкорӣ бо комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва шуъбаи кор бо ноболиғони назди Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ оид ба пешгирӣ намудани ҷиноят дар байни ноболиғон, низоъҳои байни наврасон, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ ва бо нақлиёти шахсӣ ба дарс наомадани хонандагон суҳбату вохӯриҳо ташкил намуданд. 
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муайян ва дастгир намудани ноболиғони оворагард, аз мактаб дурмонда, пешгирии ҳолатҳои дарсшиканӣ, зуҳуроти номатлуби худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд, - зикр намуд Р. Мирбобоев. 
Ҳамчунин, муовини якуми вазири маориф ва илм фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, раёсати муносибати байналмилалӣ, зерсохторҳои вазоратро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид кард, ки санҷиши раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ ва фаъолияти марказҳои тестии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ нишон дод, ки дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ талаботи нақшаи таълимӣ дар иртибот ба баргузор намудани курси муқаддимавӣ, вазъи корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ба таври фосилавӣ дар шакли корҳои назоратӣ, супоридани имтиҳонҳои фосилавии якум ва дуюм ва амсоли он ба таври зарурӣ иҷро нагардидааст. Аз ин рӯ, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораандешӣ карда шавад.
Дар музокира Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм Комилҷон Исоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Маҳмадхон Орипов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт Муяссар Ҳайдарзода сухан ронда, фаъолияти Вазорати маориф ва илмро дар шаш моҳи соли равон қаноатбахш арёзбӣ карданд.
Сипас, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Абдухолиқзода вобаста ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳа, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба масъулин супоришҳои дахлдор дод. 
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бори дигар ректорон, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишварро ба иҷрои барномаҳои давлатӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва дигар мушкилоти соҳа муваззаф намуд. 
Ҳамчунин, Н. Саид дар хотима қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илм, тамоми кормандони соҳа мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ намуда, вобаста ба омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну санаҳои муҳими милливу таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои таъмини сифати таҳсилот, таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир саъю талош намоянд.
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА