Мушкилиҳо бартараф мешаванд

11-01-2019
Ба мо, чанд нафар адиб, муяссар гашта буд, ки дар ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ширкат намоем. Сухан аз ҳама аввал аз дастовардҳо, рухдодҳои муҳим дар ҳаёти мамлакат дар соли 2018 мерафт.
Дар рӯзҳои охири сол хушхабаре. 25-уми декабр барқияи табрикӣ, шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба номи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар барқия омада, ки тадбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об –“Даҳсолаи байналмилалии амал – “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки бисту дуюми марти соли 2018, дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об бо иштироки Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Миллаи Муттаҳид расман оғоз гардида буд, рӯзи 20-уми декабри соли 2018 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул гардид.
Давоми сухан дар Паём аз дӯстии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон буд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала хизмати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёевро махсус қайд карданд ва изҳори сипос баён намуданд.
Дастоварди муҳими дигар ва таърихӣ дар ҳаёти миллат, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр шуд, ба истифода дода шудани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун буд. Дар атрофи ин муждаи хурсандиовар Сарвари давлат бештар таваққуф намуданд.
Баъди баёни ин ҳама рухдодҳои муҳим дар ҳаёти мамлакат, ки ҳама аз ҷой бармехостанд ва кафкӯбӣ давом меёфт, суханронии пурмуҳтаво ва бардавоми Президенти муҳтарам, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои аҳли ҷумҳурӣ дар соли 2018 ва аз камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ ва роҳҳои бартараф кардани онҳо шурӯъ гашт. Аз дастовард ва норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф низ сухан ба миён омад, мисолҳо оварданд.
Яке аз он дастовардҳо ин аст, ки танҳо дар соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар мамлакат 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба бештар аз 73 000 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Сардори давлат аз проблемаҳои дар соҳаи маориф ҷойдошта сухан намуда, аз ҷумла, изҳор намуданд, ки “...дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии мутахассисони соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар”.
Бале, таълим масъалаи асосӣ. Аз ҷое ба ҷое расидани шогирдон ба таълимдиҳанда, ба омӯзгор вобаста аст. Омӯзгорро ба боғбон ҳам нисбат медиҳанд. Агар боғбон соҳибтаҷриба, аз илми нигоҳубини ниҳолҳо бохабар ва ба онҳо ғамхор бошад, ниҳолҳо хуб месабзанд, самар медиҳанд. Вале боғбонҳои асил каманд. Ба мисли боғбони асил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ омӯзгорони соҳибтаҷриба, маълумоти олидор намерасанд. Аз ин рӯ, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ муаллим шудаанд, онҳое, ки дирӯз дар паси партаи мактабӣ менишастанду имрӯз ба ҳамсабақони худ дарс мегӯянд. Ин ҳолатҳо ногувор ва тоқатнопазиранд. Барои ҳамин ҳам, Президенти муҳтарам, Пешвои миллат дар Паёмашон изҳори ташвиш намуданд. Ин ҳолатро дар соҳаи маориф яке аз проблемаҳои асосӣ ҳисобида, талаб карданд, ки ин норасоӣ то соли 2020 бартараф карда шавад. Инчунин, таъкид шуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас аз айёми хурдсолӣ бояд диққат ва эътибор дода шавад. Гуфтаанд, ки тарбияи фарзанд аз давраи дар батни модар пайдо шуданаш шурӯъ мегардад. Аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ, дар соҳаи маориф ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, ба афзудани ин гуна муассисаҳо диққати асосӣ медиҳанд. Ва дар Паёми Пешвои миллат омадааст: “Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем”. Дар назар аст, ки то соли 2021 рушди муассисаҳои томактабӣ ба 30 фоиз расад, дар доираи барномаҳои давлатӣ бо кумаки аҳолӣ дар се соли оянда дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ сохта ба истифода дода мешаванд. 
Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар роҳи таълиму тарбия бо муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо ҳам наздик ва қаринанд. Вазифаашон таълиму тарбия ва боз ҳам таълиму тарбияи хонандагони синни томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Фаъолияти ин муассисаҳо аз рӯи дастур ва нишондодҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад. Ва имрӯз тамоми саъю кӯшиши кормандони Вазорати маориф ва илми кишвар ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани нуктаҳои ба кору фаъолияти онҳо дахлдор равона карда шудааст, мавзӯи суҳбату нишастҳо, сухангӯию ҷаласаҳояшон аз Паём аст. Ба наздикӣ дар толори вазорат ҷаласаи ҳисоботии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гашт, ки дар он директори муассиса Умедҷон Сафарзода “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019”  маърӯза намуд, ки дар он маърӯза сухан аз Паём буд. Зикр шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 84 муассисаи таҳсилоти иловагӣ амал доранд, ки дар онҳо 1688 маҳфил фаъолият мекунад, теъдоди таълимгирандагон 52 ҳазору 317 нафаранд. Дар муқоиса бо соли таҳсилди 2017-2018 шумораи марказҳо як адад, маҳфилҳо 177 адад ва таълимгирандагон 1926 нафар афзудаанд. Аз ин 84 муассисаи таҳсилоти иловагӣ 6 марказ дар шаҳри Душанбе, 10 марказ дар ВМКБ ва дар вилоятҳои Хатлон - 27, Суғд - 28 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 марказ ҷойгиранд. Дар назар аст, ки дар соли таҳсили 2018-2019 шумораи марказҳо, маҳфилҳо ва аъзои онҳо аз ҳисоби хонандагон зиёд мешавад. Норасоиҳо дар кори созмонҳои талабагӣ, ки як самти асосии кори муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба ҳисоб меравад, махсус қайд шуд. Ба хотир оварданд, ки дар замони Шӯравӣ ташкилотҳои октябрятӣ, пионерӣ, комсомолӣ яке аз мададгорони асосӣ дар корҳои таълиму тарбия ба омӯзгорон буданд. Ҷӯшу хурӯши кориашон ҳис мешуд. Вале имрӯз фаъолияти созмонҳои Ахтарон, Ворисони Сомон ва Сомониён чашмрас нест. Дар маҷлиси ҳисоботӣ қариб ҳамаи директорони марказҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҳозир буданд. Камбудиҳои фаъолияти онҳо ошкоро баён мешуданд. Қайд шуд, ки директорони баъзе марказҳо, роҳбарони маҳфилҳо шахсони тасодуфӣ будаанд, баъзеашон бе маълумот, аз рӯи ихтисос кор намекардаанд, ғайри тахассус. Дар ҷаласа қайд гардид, ки минбаъда дар интихоби директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо бо Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ маслиҳат намоянд. 
Дар маҷлиси ҳисоботии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ ширкат дошт. Муовини вазир ҳам аз камбудиҳо сухан гуфта, баҳри бартараф кардани онҳо маслиҳат дод ва инчунин, изҳор кард, ки барои рафъи норасоиҳо чораҳо андешида мешаванд. 
 
Кароматуллоҳи Мирзо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон