МУЛОҚОТИ Р.МИРБОБОЕВ БО Ж. МАМЕЗ

25-06-2019
24 июни соли 2019 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев бо директори Донишкадаи Сорбона-Қазоқистон ҷаноби Жил Мамез мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Фаронса мавриди музокирот қарор дода шуд. 
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Фаронса ва Тоҷикистон дорои имконияти мусоид ҷиҳати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. 
Мақсад аз баргузории  ин вохӯрӣ низ густариши ҳамкориҳо дар самти таблодули донишҷӯён миёни ду кишвар унвон гардид.
Нафисаи АБДУЛАЗИЗ