МУЛОҚОТИ ДИЛОВАР ҚОДИРЗОДА БО МУҲАММАД ДОВУД СУЛТОНЗУЙ

07-06-2021
7-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илми кишвар Диловар Қодирзода бо раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй баргузор гардид. 
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маориф ва илми Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ҷудо намудани бурсияҳо ба довталабони афғон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, густариш додани ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистону Афғонистон, табодули таҷриба миёни омӯзгорони афғону тоҷик, такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи таълим дар мактаби “Сомониён”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм ва техника ва Созишнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 50 бурсияи таҳсилӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистр ҷудо мегардад. Инчунин, дар доираи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ 19 созишнома байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал мекунад. 
Ҳамчунин, зикр гардид, ки айни ҳол 468 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои забономӯзӣ, бакалавриат, магистратура, ординатура, интернатура, аспирантура, доктор Phd ва унвонҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар доираи вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм барои шаҳрвандони Афғонистон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти умумии “Сомониён” фаъолият менамояд, ки он дорои 450 нафар хонанда мебошад. 
Инчунин, пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварҳо густариш дода шуда, дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои бозомӯзии омӯзгорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба роҳ монда шавад.
Бахтовар Сафаров