Муаррифии низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

13-03-2019
13-уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар кори нишаст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Усмонзода, муовинони ректор ва сармуҳосибони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, намояндагони Бонки милли Тоҷикистон ва ташкилотҳои хурди қарзӣ иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки мақсад аз ҳамоиши мазкур иҷрои моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ф. Усмонзода-муовини вазири маориф ва илм зимни суханронии ифтитоҳӣ газаштан ба низоми мазкурро судманд арзёбӣ намуда, сипас, А. Раҳмонзода-мутахассиси дараҷаи 1-и идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон моҳияти асосии қарори №565-ро таҳлил ва баррасӣ намуд. Инчунин, дар идомаи муҳокима масъулини ташкилотҳои хурди карзӣ барои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҷрибаи кории худро дар самти кор бо низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муаррифӣ намуданд.
Дар охир мубодилаи афкор байни иштирокдорон сурат гирифт.
 
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО