МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ «ИСТИФОДАИ МАВОДИ ХАБАРИИ ОНЛАЙНӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ»

12-09-2019
11-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон (IWPR) ва Сафароти Британия Кабир дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Серена» муаррифии лоиҳаи «Истифодаи маводи хабарии онлайнӣ дар Осиёи Марказӣ» барои омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва рӯзноманигорон доир гашт.
Дар оғози муаррифӣ Директори Намояндагии созмони байналмилалии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» дар Тоҷикистон Абахон Султоназаров баромад намуда, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро дастрасӣ ва истифодаи воситаҳои нави иттилоотӣ дар фаъолияти рӯзноманигорон ва дастрас будани маводи журналистӣ ба хонандагон, шунавандагон ва бинандагони воситҳои ахбори омма арзёбӣ намуд.
Сафири Британия Кабир дар Тоҷикистон Мэтю Лоусон баромад намуда, барои ҳамкориҳои ҷойдоштаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафорат ва дастгирии лоиҳаи «Рушди расонаҳои нав ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ» изҳори миннатдорӣ кард ва ҳамзамон, таъкид дошт, ки ҷиҳати рушди ин ҳамкориҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад. 
Дар идома Эҳсон Сафарзода-сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Вазорати маориф ва илми кишвар ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани стандарту барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораҳои заруриро андешида истодааст. 
- Агар имрӯзҳо дар назди Вазорати маориф ва илм рисолати баробар сохтани стандарту барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба стандарту барномаҳои таълимии донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ва омода кардани омӯзгорони соҳибтахассусу соҳибкасб истода бошад, пас, муассисаҳои таълимиро низ зарур аст, ки ҷиҳати муаррифии ихтисосҳои журналистӣ ва ҷалби журналистони оянда аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд,-зикр кард Э.Сафарзода.
Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.






Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО