МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ ГЛОБАЛИИ “МАКТАБҲОИ 2030”

18-06-2021
18-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон барномаи лоиҳаи глобалии “Мактабҳои 2030” муаррифӣ гардид.
Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Гулчеҳра Ғанизода ва  роҳбари барномаҳои Фонди Тоҷикистонии Оғохон Ҷавлон Ҳамдамов суханронӣ намуданд.
М. Саломиён доир ба ҳамкориҳои шарикони рушд дар соҳаи маориф ва ташаббусҳои Фонди Оғохон дар Тоҷикистон, аз ҷумла, барномаи рушди барвақтии кӯдак, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои омӯзгорон дар зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани савияи дониши толибилмон, таъмини муассисаҳо бо маводи таълимӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии омӯзгорону хонандагон оид ба гигиена, оби нушокӣ ва ғизои солим  андешаронӣ кард.
Роҳбари бахши маорифи Фонди Тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров ва мутахассиси ин бахш Садбарг Мирова барномаи рушди маорифи ФТО ва фаъолияти рушди маориф дар доираи лоиҳаи “Шукуфоии Тоҷикистон” – ро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Барномаи лоиҳаи глобалии “Мактабҳои 2030” аз ҷониби мутахассиси бахши маорифи ФТО дар ВМКБ Фирӯза Назархудоева муаррифӣ шуд ва аз ҷониби ширкаткунандагон дастгирӣ ёфт.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Мактабҳои 2030” барои солҳои 2021-2030 дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна дар 10 кишвари дунё роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушди натиҷаҳои ҳамаҷонибаи омӯзиши хонандагон, беҳтар намудани рушди сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути муайян намудани мушкилот, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва таҳияи лоиҳаҳо аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, дарёфти роҳҳои ҳал ва таҷрибаи беҳтарини педагогӣ ва баррасӣ намудани онҳо дар сатҳи миллию  байналмилалӣ мебошад.
Бахтовар Сафаров