МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР МУЛОҚОТ НАМУД

16-04-2021
16-уми апрели соли ҷорӣ Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Муҳаммад Зоҳир Ағбар – сафири мухтор ва фавқулоддаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба як қатор масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф ва илми ҳарду кишвар мубодилаи афкор намуданд. 
Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми кишвар қайд намуд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба барқарорсозии сулҳу амният дар кишвари ба мо дӯсту ҳамфарҳанги Афғонистон  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омодагии худро дар самти ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони ин кишвар дар доираи Созишномаҳои байниҳукуматӣ изҳор медорад.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар – сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон иброз дошт, ки тақрибан ҳар ҳафта аз Афғонистон ба кишвари Тоҷикистон садҳо нафар бо мақсади таҳсилу омӯзиш ва таҷрибаандӯзӣ сафар мекунанд. Ин ҳам бошад, пас аз баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки бо мизбонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, ба вуқӯъ пайваст. 
Мавсуф зикр кард, ки роҳбари давлати Афғонистон бо дидани фазои орому амн ва зебоиҳои пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба намояндагони ҳукумати кишвараш дастур додааст, ки пас аз анҷоми кори конфронс дар ҳайати як гурӯҳи кории омӯзишӣ дубора ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ҳозир шаванд ва омилҳои амният, сулҳ, осоиштагии ҳаёти мардум ва зебоиҳои пойтахти Тоҷикистонро омӯзанд ва натиҷаи омӯзишу бардоштҳояшонро дар шаҳри Кобул – пойтахти Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар амал татбиқ намоянд.
-Дар пайи ин ҳодисаи таърихӣ, ки роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ва баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ дар кишвари ҷангзадаи мо изҳори омодагию ҳамкорӣ карданд, дар қалби ҳар шаҳрванди худогоҳи Афғонистон ҳисси хушнудию умедворӣ ба ояндаи дурахшон дигарбора бедор шуд. Ин Конфронс барои мардуми кишвари мо дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла, дар самти омӯзиши илму дониш дар кишвари Тоҷикистон роҳҳои нав боз намуд ва имконоти ҷадид фароҳам овард. Мо боварӣ дорем, бо истифодаи дурусту мукаммали имкониятҳои бавуҷудомада дар ҳар самту соҳае ба натиҷаҳои назарраси барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ноил мешавем,-қайд кард сафир.
 
Суннатуллоҳи Мирзо