МЕТОДОЛОГИЯИ ТАЪЛИФИ КИТОБИ ДАРСӢ

10-12-2020
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ ба соҳаҳои маорифу илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Дар ин асос масъалаи сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва мунтазам бознигарӣ намудани мазмуну муҳтавои онҳо борҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таъкид гардидааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш 17 августи соли 2020 таъкид доштанд, ки «Сатҳу сифати дониши хонандагон, пеш аз ҳама, аз мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ вобаста аст.
   Аммо аз таҳлилҳо бармеояд, ки аксари китобҳои дарсӣ хусусияти маълумотӣ доранд ва барои бедор намудани фикрронии мустақилонаи кӯдакону наврасон маводи нокифоя пешниҳод мекунанд. Вобаста ба ҳалли ин масъала мо қаблан ба масъулони соҳа супоришҳои зарурӣ дода, назорати онро ба Дастгоҳи иҷроияи Президент вогузор карда будем. Бовар дорам, ки олимону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мо ин мушкилотро дар муҳлатҳои наздик бартараф намуда, сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсиро ба талаботи замон мутобиқ мегардонанд».
   Дар доираи ин дастурҳои Пешвои миллат дар кишвари мо бояд дар мадди аввал тадбирҳо оид ба ислоҳоти соҳаи маориф идома дода шуда, аз ҷумла, навсозии мазмуни таҳсилот, стандартҳои давлатии зинаҳои таҳсилоти умумӣ, барномаҳои таълимӣ сурат гирад ва дар асоси стандарту барномаҳои нав китобҳои дарсии насли нав таълиф шаванд. Дар ин раванд дар рӯҳияи худшиносию тафаккури миллӣ таълиф ва таҳия намудани китобҳои дарсӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад, зеро ҳангоми таҳияи китобҳои дарсии равияҳои гуманитарӣ гоҳ-гоҳ муаллифон баъзе фикру афкори бегона ва матнҳои ба ғ ояҳои миллию худшиносӣ номутобиқро ворид сохтаанд. Аз ҷониби дигар, таълиф ва таҳияи китобҳои дарсии насли нав, бояд орӣ аз хусусиятҳои динию хурофотӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бошанд ва бо такя ба дунявият, ҷаҳонбинии илмӣ ва аз дидгоҳи эҳтироми манфиатҳои миллӣ таълиф гарданд. Маҳз чунин китобҳои дарсӣ ба самаранокии мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирӣ аз хурофот ва бунёдгароии динӣ, ташаккули тафаккури дунявӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат мекунад.
   Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супориш ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ асосҳои давлатдории миллиро бунёд карда, қадамҳои устувор дар роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ гузошт ва дар таъмини якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллӣ комёб гардид. Бунёди давлати ягонаву демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ чун ҳадафи асосии бунёди давлати миллӣ ва амалишавии ормони таърихи ҳазорсолаи давлатдории миллӣ аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ пазируфта шуд ва ин ҳадаф заминаи воқеӣ доштани худро барои мардуми мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан собит сохт. Кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ эътироф гардида, комёбиҳои назаррас дар ин самт ба даст овард.
   Тамоми дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати дохиливу хориҷӣ дар даврони истиқлолият ва он вазифаву ҳадафҳое, ки имрӯз дар назди ҷомеаи муосири тоҷик истодаанд, тақозо менамоянд, ки дар таълиму тарбияи насли навраси кишвар ислоҳоти куллӣ гузаронида шавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ инчунин талаб карда мешавад, ки маориф ҳамчун омили муҳимми таъмини амнияти миллӣ вазифаҳои худро бештару хубтар ба анҷом расонад. Ин вазифа дар навбати худ тақозо мекунад, ки чунин методологияи таълифи китобҳои дарсии насли нав таҳия ва татбиқ карда шаванд, ки фарогири принсипҳои методологии умумӣ ва махсус, талаботи методологӣ - дидактикӣ ва беҳдоштӣ, аҳаммияти методологию дидактикӣ ва мафкуравии забони китобҳои дарсӣ, асосҳои методологии таълифи китобҳои аз гурӯҳҳои алоҳидаи фанҳо ва амсоли он бошад.

   Методология ва принсипҳои умумии таълифи китобҳои дарсии насли нав
   Бо мақсади тараннум ва тақвияти минбаъдаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва ислоҳоти куллии соҳаи маориф, ки ба шароити кунунӣ мутобиқ бошад, бояд методология ва принсипҳои умумии таълифи китобҳои дарсӣ бознигарӣ карда шавад. Баъзе аз асосҳои методологӣ дар ин самт дар «Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, №30/26) тасдиқ шудааст, омадаанд ва онҳо бояд ба зинаи таҳсилоти умумӣ мутобиқ карда шаванд.
   Вобаста ба ин методология ва принсипҳои умумии таълиф ва таҳияи китобҳои дарсӣ бояд чунин бошанд: барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав, аз тамоми фанҳо, махсусан аз фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ бояд дар асоси дастовардҳои навтарини илму технологияи муосири ватанию хориҷӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ педагогикаи миллӣ ва ҷаҳонӣ таълиф ва таҳия карда шаванд. Тамоми маводи таълимӣ бояд бо назардошти гузариши пурра ба муносибати босалоҳият ба таълим омода карда шуда, барои ташаккули салоҳиятнокии ҳаётан муҳим ва зарурӣ дар хонандагон мусоидат намоянд.
  Дар зинаи таҳсилоти умумӣ бояд таълими ҳамаи фанҳо барои таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, риёзию табиатшиносӣ, фарҳанги техникӣ, иқтисодӣ, экологӣ, демографӣ ва иттилоотии хонандагон хизмат кунанд.
  Маводи таълимӣ аз фанҳои омӯхташаванда бояд ба тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии  хонандагон, ташаккули шахсияти онҳо, амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии кӯдакону наврасон бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ нигаронида шавад. Дар ин раванд барои пешгирии воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни хонандагон, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии онҳо, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, бегонашавию бегонапарастӣ бояд таваҷҷуҳи ниҳоят зарурӣ зоҳир карда шавад. Инчунин, баёни масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ва фаҳмондадиҳии масъалаҳои дигари мубрами ҷумҳурӣ ва ҷаҳони муосир бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.
  Раванди таълиф ва таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз тамоми фанҳои таълимӣ бояд дар заминаи талаботи Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бознигарӣ шудаанд ва ҳадди ақалли бо ин Стандартҳо муайян гардида сурат гирад.

Методология ва принсипҳои махсуси таълифи китобҳои дарсии насли нав
   Дар баробари методология ва принсипҳои умумӣ, дар таълиф ва таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз тамоми фанҳо, махсусан аз фанҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ бояд методология ва принсипҳои махсус ё талаботи зерин ҳатман ба назар гирифта шаванд:
   - тамоми дастовардҳои ҷомеаи тоҷик дар даврони истиқлол дар китобҳои таълимӣ воқеъбинона нишон дода шаванд;
  - китобҳои таълимӣ аз нигоҳи таърих ва фарҳанги миллӣ ва бо такя ба ахлоқи миллӣ таҳия карда шаванд. Маводи пешбинишуда  ногузир бояд садди роҳи зуҳуроти нодида гирифтани комёбиҳо ва ҷиҳатҳои мусбати рушди Тоҷикистон гардида, пеши роҳи нигилизму манқуртизм, бегонашавию бегонапарастӣ, теологизатсия ва экспансияи мафкураи бегонагонро гирад;
  - китобҳои таълимӣ бояд аз яктарафа маънидод кардан (чун аврупомарказӣ (европосентризм), осиёмарказӣ (азиясентризм), теологизм, паниронизм, пантуркизм, панисломизм, панславянизм ва амсоли он ба пуррагӣ озод бошанд ва ба назарияҳои илмии ватанӣ ва ҷаҳонӣ, ки ҷавобгӯи талаботу эҳтиёҷоти маънавии миллиянд, такя намоянд;
  - ҳифзи манфиатҳои миллӣ бояд дар пешниҳоди китобҳои таълимӣ дар мадди аввал қарор дошта бошад;
  - мавзӯъҳо ва маводи дар китобҳои дарсӣ пешниҳодшаванда ба татбиқи давлатдории миллӣ мусоидат намоянд;
 - дар китобҳои таълимӣ истифода аз назария ва консепсияҳои миллӣ, дастовардҳои илму фарҳанги ватанӣ бештар ба роҳ монда шуда, назария ва консепсияҳои мутафаккирону олимони минтақа ва кишварҳои дигар низ барои иттилоъ ва муқоиса пешниҳод карда шаванд;
 - дар баёни мавзӯъҳо, консепсияҳо ва назарияҳое, ки дар китобҳои таълимӣ таҳлил карда мешаванд, бояд ба зуҳуроти бегонапарастӣ дингароӣ ва бунёдгароии динию мазҳабӣ роҳ дода нашавад;
 - мавзӯъҳо ва маводи пешниҳод-шавандаи китобҳои дарсӣ танҳо бо такя ба ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги техникӣ ва бо назардошти ташаккули ҷаҳонфаҳмии илмию табиатшиносӣ ва ақлонию мантиқӣ навишта шаванд;
 - дар пешниҳоди мавзӯъҳо оид ба дин, махсусан, оид ба дини ислом ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ танҳо ба ҷанбаҳои ахлоқию тарбиявии ин навъи ҷаҳонбинӣ таваҷҷуҳ карда шавад, то ин ки маводи таълимӣ бо мақсадҳои ифротгароию тундравӣ истифода намудани таълимоти динию мазҳабиро дар маҷмӯъ ва ё аҳкоми исломиро дар алоҳидагӣ пешгирӣ намоянд;
  - канораҷӯӣ аз бегонашавӣ ва бегонапарастӣ бояд ҳадафи асосии китоби дарсӣ бошад ва дар онҳо ба экспансияи ҳеч гуна афкору ақидаҳои ғ айр роҳ дода нашавад;
 - китоби таълимии забонҳои давлатӣ, русӣ ва хориҷӣ бояд барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён тавассути омӯзиши матнҳо, на назарияҳои мушкилбаён мусоидат намуда, ҳамзамон матнҳо ва мисолҳоеро фаро гиранд, ки барои рушди зеҳнӣ ва тарбияи миллии хонандагон асос гарданд;
 - китобҳои таълимии тамоми фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ бо назардошти тағ йирёбандагии босуръати ҷаҳони муосир таҳия карда шаванд, аз ин рӯ ҳангоми таҳияи китобҳои таълимӣ ба назар гирифта шавад, ки онҳо бояд мунтазам мавриди таҷдиди назар қарор гиранд ва ғ айра.
  Таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз тамоми фанҳо, махсусан аз фанҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ бояд барои расидан ба ҳадафҳои зерин мусоидат намоянд:
  - баланд шудани сифати таълим ва боло рафтани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии илмии хонандагон;
  - бо ақида ва мафкураи миллӣ мусаллаҳ гардидани хонандагон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
  - омода кардани шаҳрванди барандаи тафаккури баланд ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва арҷ гузоштан ба рамзҳо ва арзишҳои давлатдории миллӣ;
  - истифодаи метод ва технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълими фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ, алалхусус методу усули таҳсилоти салоҳиятнок;
  - ворид намудани роҳу усулҳои наву замонавии таълими фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ғ айра.

Талаботи методологӣ-дидактикӣ ва беҳдоштӣ ба таълиф ва нашри китобҳои дарсии насли нав
   Барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз тамоми фанҳои таълимӣ аз ҷиҳати методологӣ бояд ба талаботи зерини дидактикӣ, меъёрҳое, ки ба китобҳои дарсии насли нав пешниҳод мешаванд, талаботи беҳдоштӣ ва талаботи дигар мувофиқат кунанд.
   
   1. Талаботи дидактикӣ ба барномаҳои таълимӣ
   Чунонки маълум аст, барномаи таълимӣ санади меъёрии таълимиест, ки дар он доираи донишҳои заминавӣ, малака, қобилият, салоҳият ва маҳоратҳои мушаххас инъикос ёфта, ба ташаккули салоҳиятҳои зарурӣ равона шудаанд ва онҳо бояд зимни омӯзиши фанни муайян аз худ карда шаванд. Барномаи таълимӣ номгӯи мавзӯъҳо, соатҳои барои таълими онҳо ҷудошударо фаро гирифта, дар он тавсифи умумии фан, мақоми он дар нақшаи таълимӣ, робита бо фанҳои дигар, мафҳум, масъала ва унсурҳои дигари асосии ҳар як мавзӯъ, шаклҳои гузаронидани дарс, таъмини дарс бо аёният, воситаҳои техникии таълим ва маълумоти дигари зарурӣ оварда мешаванд.
   Бо мақсади ислоҳот дар таҳияи барномаҳо дар кишвари мо зарур аст, ки тамоми барномаҳои намунавии таълимӣ бо назардошти талаботи методологии нав бознигарӣ карда шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд. Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз тамоми фанҳо бояд маҳз дар асоси ҳамин барномаҳои таълимии нав таълиф ва таҳия карда шаванд.
  Ҳамчунин зарур аст, ки дар барномаҳои нави таълимӣ ҳатман вазифаҳо барои рушди маънавию ахлоқии хонандагон, ташаккули шахсияти онҳо дар асоси арзишҳои миллӣ бо истифода аз воситаҳои миллии тарбиявӣ, ташаккули ватандӯстии онҳо, тарзи ҳаёти солим, ҷаҳонбинии илмии орӣ аз хурофот, тафаккури ақлонию мантиқӣ ва техникӣ ва амсоли он гузошта шаванд.
   
   2. Талаботи дидактикӣ ба китобҳои дарсӣ
   Китобҳои дарсии насли нав бояд ба чунин талабот ҷавобгӯ бошанд: 
   - мувофиқати комили китоби дарсӣ ба мазмуни таҳсилот –ин ҷо пеш аз ҳама дар назар бояд бошад, ки китоби дарсӣ моҳиятан ба барномаи таълимӣ ба пуррагӣ мувофиқат кунад ва ҷавобгӯи талаботи илмӣ ба фанни мушаххас бошад. Аз ҷиҳати илмӣ китоби дарсӣ бояд донишҳои замонавию  муосир, дастовардҳои илмии навтарин аз фанни мушаххас, фаҳмондадиҳии таълимоту консепсияҳои муҳимтарини ин фанро фаро гирифта, ҳамаи унсурҳои он сохтори ягонаи мазмунию мантиқиро ташкил диҳанд, ки ба куллӣ ба талаботи илми мушахас ҷавобгӯ буда, имконияти берун рафтан аз доираи илм ва ба эътиқоду хурофот рӯ оварданро дар ягон масъала ба вуҷуд наорад. Ҳамзамон зарур аст, ки дар баробари донишҳои илмӣ аз ин фан дар китоби дарсӣ шаклҳои мушаххаси фаъолияти маърифатӣ низ оварда шаванд;
   - мувофиқати китоби дарсӣ ба принсипҳои таълим.  Дар ин самт қабл аз ҳама татбиқи принсипҳои системанокӣ, дастрасӣ, аёнияти таълим ва робитаи он бо амалия, инчунин таъмини иштироки фаъоли хонанда дар раванди таълим ба назар гирифта шавад;
  - мувофиқати китоби дарсӣ ба талаботи психологию мантиқӣ – китоби дарсӣ бояд ба хосиятҳои синнусолии хонандагон ва имконоти психологию мантиқӣ ва дараҷаи тафаккури онҳо мутобиқ таълиф карда шуда, соати барои омӯзиши ҳар як мавзӯъ ҷудошуда ва ҳаҷми заруриро тибқи муқаррароти мавҷуда фаро гирад. Мувофиқати китоби дарсӣ ба психология ва синнусоли хонандагон ҳатман бояд тавассути татбиқи таҷрибавии он дар амалияи таҳсилот муайян карда шуда, вобаста ба зарурати он такмил дода шавад;
  - мувофиқати китоби дарсӣ ба талаботи сохторӣ. Ин ҷо дар назар аст, ки китоби дарсӣ дар шакли маҷмуӣ ҳатман аз мундариҷаи мавзӯъҳо, сарсухан, матни асосии дарсҳо, хулоса, замимаҳо, рӯйхати адабиёт ва ғ айра иборат бошад. Сохтори ҳар як мавзӯи китоби дарсӣ ё ҳар як дарс бояд ба матни асосӣ, матни иловагӣ, савол ва супоришҳо, машқҳо, ҷадвалҳо, расму суратҳо, мусаввараҳо ва унсурҳои дигарро фаро гирифта, дар дохили матн баъзе ҷузъҳои зарурии он бо ҳарфҳои сиёҳ ё моил ҷудо карда шаванд.

3. Меъёрҳое, ки ба китобҳои дарсии насли нав пешниҳод мешаванд
   Дар ин самт риояи талаботи зерин бояд ҳатмӣ бошад:
  - китобҳои дарсии насли нав бояд танҳо хосияти маълумотдиҳӣ надошта, ба рушди хонандагон мусоидат кунанд. Ин чунин маъно дорад, ки хонанда на танҳо бояд дар бораи ин ё он мавзӯъ, ин ё он масъала маълумот гирад, балки оид ба онҳо худ мустақилона савол диҳад ё дар атрофи онҳо масъалагузорӣ намояд. Бо ин роҳ бояд тафаккури зеҳнии мантиқии хонанда рушд кунад;
  - китобҳои дарсии насли нав набояд дар шакли монологӣ, ки аз хонанда танҳо аз ёд кардан ва такрор кардани онро дар шакли ҷавоб додан ба омӯзгор пешбинӣ мекунад, балки дар шакли диалог, яъне водор сохтан ба муколамаи омӯзгору хонанда ва хонанда бо хонандаи дигар таълиф карда шаванд. Хонанда баъди хондани матн бояд савол диҳад, дар атрофи мавзӯъ муҳокимаронӣ, мубоҳиса кунад ва ғ айра. Дар ин самт истифода аз усули бозӣ, ба гурӯҳҳо ҷудо шуда муҳокимаю баҳс кардан, мизҳои мудаввар ва ғ айра бояд дар мазмуни мавзӯъ дар назар дошта шаванд;
   - дар китобҳои дарсии насли нав бояд супоришу машқҳо ва ё мисолу масъалаҳо такрор нашаванд;
   - мазмуни китобҳои насли нав бояд имконияти робитаи байниҳамдигарӣ, муошират ва ҳамкорӣ байни худи хонандагон ё миёни омӯзгору хонандагонро ба вуҷуд орад;
   - мазмуни китобҳои насли нав бояд хулосабарории мустақилона ва ба “кашфиёти” одии шахсӣ расиданро оид ба ин ё он масъала ба хонанда омӯзонад;
   - китобҳои дарсии насли нав бояд завқу шавқи хонандаро ба фанни мушаххас бедор сохта, ин дилбастагиро ба омӯзиш тадриҷан мустаҳкам созанд.

   4. Талаботи беҳдоштӣ ба китобҳои дарсӣ
   Китобҳои дарсии насли нав на танҳо бояд вазифаи таълимию омӯзишӣ, тарбиявию мафкурасозиро ба иҷро расонанд, балки ба талаботи беҳдоштӣ низ мувофиқат намуда, ҳифзи солимии хонандагонро кафолат диҳанд ва тавассути технологияҳои муосири табъу нашр ва  интишор ёбанд. Дар ин самт намуди зоҳирии китоби нашршуда, тарзи саҳифабандии он, сифати муқова ва коғ ази он, хоно ва равшан будани матн, доштани мусаввараҳои ҷолиб ва ғ айра барои таъмини сифати таълим муҳимманд. Инчунин, вазни китоб ва мувофиқати он ба синнусоли хонандагон, дараҷаи равшаннокии коғ аз, бо тарзи яксутунӣ овардани матни асосӣ, дар баъзе ҳолатҳо дусутунӣ будани луғ атномаю  шеърҳо ва ғ айра бояд ба эътибор гирифта шаванд. Дар маҷмӯъ дар ин самт зарурати он вуҷуд дорад, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори тиббию беҳдоштӣ меъёрҳои нави ба китобҳои дарсӣ ва нашрияҳои таълимӣ пешниҳодшаванда аз нав таҳия ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шаванд.
   Дар самти нашри китобҳои дарсӣ ва умуман, нашрияҳои таълимӣ аз нигоҳи манфиати давлатӣ ва мафкураи миллӣ хеле муҳим аст, ки онҳо танҳо ва танҳо дар дохили кишвар, дар матбаа ва нашриёти ватанӣ ба табъ расонида шаванд.

   5. Забони китобҳои дарсии насли нав ва аҳаммияти методологӣ, дидактикӣ ва мафкуравии он
   Мусаллам аст, ки китобҳои дарсии насли нав бояд бо риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, бо баёни фасеҳу сода ва ба хонандагон дастрасу фаҳмо, бо услуби махсус ва ғ айра таълиф карда шаванд. Вале дар ин самт ҳоло баъзе камбудиҳо вуҷуд доранд, ки дар рафти баргузории машварат дар мавзӯи «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ доир ба аксарияти онҳо ишора гардида буд. Аз ин рӯ, ба муаллифони китобҳои дарсии насли нав зарур аст, ки ба камбудиҳои ошкоршуда роҳ надиҳанд.
   Дар баробари ин, зарурати он вуҷуд дорад, ки муаллифон зимни таълифи китобҳои дарсии насли нав баъзе омилҳои мафкурасозу идеологиро низ ба эътибор гиранд. Дар ин самт худдорӣ аз истифодаи калимаву ибораҳои муғ лақу ба хонандагон нофаҳмои арабиасл ё баромади форсӣ ё даридошта хеле муҳим аст. Имрӯз истифода аз он шакли забони тоҷикӣ, ки дар зарфи сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ хеле рушд намуд, дар китобҳои дарсӣ хеле мубрам мебошад.
   Ҳамзамон, истифода аз номҳои мувофиқи ҷуғ рофию исмҳои хоси миллӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд. Барои аёният, ду мисол оварда мешавад. Бояд ба эътибор гирифт, ки, масалан, дар китоби дарсӣ аз фанни математика овардани масъала бо шартҳои зерин «Аз Париж то Брюсел 260 километр роҳ аст. Мошине, ки бо суръати 60 километр дар як соат ҳаракат мекунад, ин масофаро дар чанд вақт тай мекунад?» ба хонанда як таъсир дораду овардани айнан ҳамин хел масъала бо шарти «Аз Душанбе то Хуҷанд…» таъсири дигар. Ё худ, ба ҷойи дар китоби забони модарӣ овардани мисоли «Абдулвадуд ва Бибихотун дар як мактаб таҳсил мекунанд», овардани ҳамин мисол бо номҳои зебою хушсадои миллӣ, масалан, дар шакли «Манижа ва Бежан…» аз лиҳози мафкуравӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.
   Дар маҷмӯъ ҳангоми таълифи китобҳои дарсии насли нав бояд аҳаммияти методологӣ, дидактикӣ ва мафкуравии забон дар ҳама ҳолатҳо дар мадди аввали назари муаллифон қарор дошта бошад.
   Хулоса, фикру мулоҳизаҳои дар боло ифодашуда баъзе асосҳои методологии таълифи китобҳои дарсии насли нав барои зинаи таҳсилоти умумиро ба таври умумӣ фаро мегиранд. Бо назардошти ин, пешниҳод карда мешавад, ки барои муаллифон китоби методологияи таълифи китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр карда шуда, дар асоси он китобҳои таълимии насли нав таълиф, таҳия ва ба нашр расанд.
Китоби «Методологияи таълифи китобҳои дарсӣ (барои муаллифони китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ)», аз нуқтаи назари мо, бояд аз мундариҷаи зерин иборат бошад: 1) методологияи таълифи китобҳои дарсӣ барои фанҳои табиию риёзӣ; 2) методологияи таълифи китобҳои дарсӣ барои фанҳои иҷтимоию гуманитарӣ; 3) методологияи таълифи китобҳои дарсӣ барои фанҳои техникию технологӣ. Ҳар як фасли китоб бояд вазифаҳои асосии китобҳои дарсии фанҳои ҳар як гурӯҳ, мазмун ва муҳтавои онҳо, сохтори китобҳои дарсӣ, методология ва принсипҳои умумии таълифи китобҳо, методология ва принсипҳои махсуси таълифи онҳо, инчунин, талаботи дидактикӣ ва беҳдоштии таълифи китобҳо ва забони китобҳои дарсӣ ва аҳаммияти методологию  мафкуравии онро дар таълифи китобҳои дарсии фанҳои ҳар як гурӯҳ фарогир бошад.
   Эътимоди комил дорем, ки огоҳ будани муаллифон аз методологияи қавӣ барои таълифи китобҳои дарсии насли нав ба онҳо имконият медиҳад, ки ин вазифаи хеле муҳимро дар сатҳи баланд ба анҷом расонанд. Натиҷаи ин заҳмати онҳо як қадами бузурге дар иҷрои дастури саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд, ки дар суханронии хеш дар Рӯзи дониш 17 августи соли 2020 дода буданд: «Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёди хеле сангин рӯ ба рӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо терроризми байналмилалӣ, радикализму экстремизми динӣ, гардиши ғ айриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошад. Дар чунин шароит устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор вазифадоранд, ки наврасону ҷавононро барои омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Ватан, давлати соҳибистиқлол худ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ роҳнамоиву тарбия намоянд».
Нуриддин САИД,
доктори илми фалсафа, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии 
илмҳои Тоҷикистон,
Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илми фалсафа, 
профессор

PS: Аз муаллифони китобҳои дарсӣ, омӯзгорони муҳтарам ва мутахассисони соҳа хоҳиш мекунем, ки фикру мулоҳизаҳои худро оид ба мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва барномаву стандарт ва ё роҳнамои омӯзгор ба суроғ аҳои omuzgor@inbox.ru, kitob@maorif.tj, mmarkaz@list.ru ирсол намоянд, то дар нашрҳои ояндаи китобҳо ин камбудиву норасоиҳо ислоҳ карда шаванд.