МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ JBMO

06-07-2021
29 июн - 5 июли соли равон бо сабаби пандемияи каронавирус Олимпиадаи JBMO-2021 (Олимпиадаи математикаи Балкан барои наврасон), ки дар Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид, дар шакли онлайн гузаронида шуд. 
Хурсандиовар аст, ки дар олимпиадаи мазкур Азамат Душанов, хонандаи синфи 8-и "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе дар байни 144 иштирокчӣ аз 24 давлат иштирок намуда, сазовори медали тилло гардид.