«Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ» муарифӣ шуд

12-09-2019
12-уми сентябри соли 2019 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» маросими муаррифии «Маҷмӯи дастурҳои ғизои мактабӣ» баргузор гашт, ки дар он директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), ҷаноби Албэрто Коррейя Мендес, президенти Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия Владимер Чернигов, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ва намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни муаррифӣ зикр гардид, ки «Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ» (нашри дуюм) 116 номгӯи хӯрокҳои миллии тоҷикиро дарбар гирифта,  ҳадафи асосии он таъмини ғизои гуногун ва солим ба ҳисоб меравад. Таомҳо бо назардошти анъанаҳои миллии тоҷикӣ интихоб гардида, онҳо хеле оддӣ ва бо маҳсулоти ғизои дастрас омода мегарданд.
Маҷмӯа дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия таҳия гардидааст.
Бояд гуфт, ки нашри аввали китоб, ки соли 2016 ба табъ расида буд, дар маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Янтайи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷоизаи «Беҳтарин дар ҷаҳон»-ро соҳиб гашт. 
Нафисаи АБДУЛАЗИЗ