ЛОИҲАИ “РУШДИ РАСОНАҲОИ ҶАДИД ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ РАҚАМӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ТАТБИҚ МЕГАРДАД

26-08-2019
Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди расонаҳои ҷадид ва журналистикаи  рақамӣ дар Осиёи Марказӣ” Намояндагии созмони байналхалқии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20-25-уми августи соли 2019 дар Маҷмааи истироҳатию фароғатии “Кохи Малика”-и ноҳияи Варзоб барои омӯзгорони факултетҳои журналистика ва ихтисосҳои журналистии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тренинги омӯзишӣ доир намуд, ки дар он омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ширкат варзиданд.
Зимни баргузории тренинги омӯзишӣ барои иштирокчиён мураббиёни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия-Жазгул Ибраимова, Бегаим Аджикеева, Дмитрий Завялов, Ленур Юнусов, Маргарита Хегай, Парвиз Муллоҷонов, Рустам Гулов, Айзада Токтогулова, Анастасия Лотарева, Айсам Ашин машғулиятҳои назарию амалӣ доир намуданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини сатҳи огоҳии устодони факултетҳои журналистика доир ба навгонӣ ва таҳаввулоти соҳа роҳандозӣ гардида, дар доираи он ба иштирокдорон аз махсусиятҳои жанрҳои нави журналистӣ, усул ва тарзи муосири пешниҳоди мавод, талаботи сарлавҳагузорӣ ва журналистикаи рақамӣ омӯзонида шуд. 
Гуфта шуд, ки ташкил ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишгоҳҳо ва ғанӣ гардонидани сатҳи саводнокии донишҷӯён маҳсуб меёбад. 
Дар ҷамъбаст ба иштирокчиёни тренинги омӯзишӣ аз ҷониби “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) шаҳодатнома тақдим карда шуд.




Шаҳноз Зарипова