КОНСТИТУТСИЯ- РАҲНАМО ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲО

02-11-2018
Конститутсия- қонуни асосии давлат буда, сохти давлат ва рушди ҷомеаро муайян ва танзим менамояд. Беҳуда Конститутсияро мардум бо ифтихору эътимод «Бахтнома» ва ё «Маромномаи миллат», «Раҳнамои давлат», «Эътимодномаи ҳуқуқу озодӣ ва баробарҳуқуқии халқ», «Шаҳномаи тоҷу тахт», «Шиносномаи давлат»-у «Бахтномаи миллат» нагуфтаанд. Конститутсия - қуввати дил, тавоноӣ, боварӣ, эътиқод ва мушкилкушои ҳар фарди ҷомеа аст. 
Сайри таърихии Конститутсия ҷолиби диққат аст. Тавре аз таърих огаҳӣ дорем нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар, эъне Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷониби шоҳ Куруши Кабир- асосгузори давлати Ҳахоманишиён дар соли 538 пеш аз милод эълом шудааст. Он дар таърих бо номи «Силиндри Куруш» низ машҳур буда, ба забони аккадӣ таълиф гардидааст. Бинобар сабаби дар шакли гилнавишти силиндрмонанд мураттаб гардидани Эъломияи мазкур он бо номи «Силиндри Куруш» низ ёдовар мешавад. 
Эъломияи Куруши Кабир на ин ки яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён, балки муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар масъалаҳои озодии эътиқод, зисту зиндагонӣ, меҳнату фаъолият, интихоби манзилу моликият ва амсоли инҳо мебошад, ки то имрӯз меъёрҳои худро гум накардаанд. 
Соли 1969-и милодӣ, яъне пас аз 2507 сол аз эъломи Эъломияи ҳуқуқи башар намояндагони кишварҳои гуногун ҳангоми зиёрати оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд. Аз таърих маълум аст, ки барои сарнагун кардани зулму истисмори шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди аз зулми шоҳи Бобул озод намудани мардум Куруш Маншур ва ё ба истилоҳи имрӯза Эъломия интишор (эълон) мекунад. Дар Эъломия пеш аз ҳама ба масъалаи озодӣ ва унсурҳои он, аз қабили озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳ менамояд ва таъкид мекунад: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд… ба тирабахтии онҳо поён бахшидам. Ман бардадориро (ғуломдориро) барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд». Ин шуҷоату родмардӣ ва саховату мардонагии ӯро ба инобат гирифта, мардуми Бобул ба ӯ унвони «Шоҳи Бобул», «Шоҳи сарзаминҳо»-ро медиҳанд. Аз ин ба баъд Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар ҳамчун Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих сабти ҷовидонӣ ёфт ва беибо яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва заминаи пайдоиши конститутсияҳо маҳсуб меёбад.  
Дар давоми зиёда аз дуюмин ҳазорсола меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир моҳияти худро гум накарда, муҳимтарин нишондодҳои он дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар Эъломияи ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 қабул гардидааст, истифода  карда шудаанд.   
Дар садсолаи охир зуҳури Конститутсияи нахустини рӯйи оламро ба кишвари Амрико нисбат медиҳанд. Бори аввал соли 1778 дар Амрико нахустин Конститутсия таҳия гардид, ки ба таври расмӣ он аз соли 1791 мавриди амал  қарор дода шуд. Баъдтар дар Фаронса, Австрия, Венгрия, Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо конститутсияҳо қабул карда шуданд. Дар собиқ ИҶШС бори авввал дар соли 1918 ва баъдан дар соли 1924  Конститутсия  қабул карда шуда буданд.  
Дар даврони Тоҷикистони Шӯравии то соҳибистиқлолӣ солҳои 1929, 1931, 1937 ва соли 1978 Конститутсияҳо қабул шуда буданд, ки вобаста ба замон муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим менамуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз то ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ кушиши ҷавобгӯи талаботи замон таҳия шудани Конститутсияи нав ба миён омада буд. Соли 1990 дар давраи авҷи шабаҳи  ва ё насими демократия авҷи истиқлолиятхоҳӣ дар собиқ давлатҳои ИҶШС зиёд шуд ва ин раванд тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тезонид. Ҳанӯз дар соли 1989 аз ҷониби ҳизби ягонаи ҳукмрони коммунистӣ, ки роҳбарии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар шакли Комитети Марказии Партияи Коммунистии  ҶШС Тоҷикистон ба зимма дошт, ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд.
23 августи соли 1990 бо қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ доир ба тайёр кардани Лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, вале нофаҳмиву кашмакашиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ имкон надод, ки Конститутсияи нав қабул гардад. Риоя нагардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, махсусан меъёрҳои конститутсионӣ боиси мухолифатҳои мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда, оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабореро ба бор овард. 
Маҳз бо кушишҳои зиёд дар масъалаи ба ҳам омадан ва ба сари қудрат овардани давлати конститутсионӣ саҳми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор гардид, хеле бузург аст. Иҷлосия ҳокимияти конститутсиониро таъсис дод ва заминаҳои воқеӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нав ба миён омад. 23 июни соли 1993 комиссияи нави корӣ бо мақсади қабули Конститутсияи нав таъсис дода шуд, ки раисии онро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дошт. 
Рӯзҳои 21-22-юми апрели соли 1994 Лоиҳаи нави Конститутсия дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо чоп гардид. Лоиҳаи мазкур пас аз 6 моҳи дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор доштан ва пас аз такмилу ворид намудани тағйироту иловаҳо 6 ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 
Конститутсияи Тоҷикистон- ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва хулосаи андешаи тамаддунофар, асолату ҳуввияти миллӣ, ҷасорату таҳаммулгароӣ, матонати сиёсиву маърифати фарҳангӣ ва маҳсули арзишҳои бунёдию умумибашарии ҳуқуқӣ қадами устуворона ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд ниҳод. Он ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, таърихӣ ва ҳуқуқии кишвар, ифодагари иродаи халқ ва таҷассумгари роҳи нави таърихӣ- бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
  Ҳамасола, 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи таърихиву фаромӯшнашаванда ва пурнишот- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Ин рӯз дар таърихи соҳибистиқлолии миллии кишварамон сафҳаи тозаеро дар рушду ташаккули давлати тозаистиқлол ва ҳуқуқбунёд кушод. Яке аз бузургтарин дастоварди соҳибистиқлолии миллии кишвар ин қабули Конститутсияи ба таври раъйпурсии умумихалқӣ интихобнамудаи халқ мебошад, ки истиқлолияти миллии кишварро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи рушду инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд.
Ҳадафи ниҳоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона буда, ҳамчунин дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳо, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон кафолат дода мешаванд. Ҳадафи ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳонӣ низ ҳамин аст.  
Конститутсия низоми ташаккули  давлатро муайян кард. Идораи президентии муайяннамудаи Конститутсия ҳамчун низоми ягона ва сохтори муайяни ҳокимияти иҷроия дар раванди сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, қонунияту волоияти  қонун ҳисса гузошта, Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ намуд. 
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро танзим карда, риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон маҳсуб меёбад. 
Ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ин марзу бум ифтихор аз он дорем, ки аз 100 моддаи он 34 модда ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд бахшида шудааст. Яъне, аз 3 зиёдтар аз 1 ҳиссаи он ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он бахшида шудааст.
Конститутсия кафолат медиҳад, ки шаҳрванд дар баробари зисту зиндагонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои худ бархурдор бошад, шаҳрвандии худро танҳо дар доираи талаботи конститутсия ба роҳ монад, баробарии худро дар назди қонун ва суд новобаста аз миллату нажод, ҷинсу забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк эҳсос кунад. Ҳуқуқ ба ҳаёт, манзили истиқоматӣ, мукотибот, мусофирату интихоби маҳалли зист, муносибат ба дин, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, дар маҷлису раҳпаймоиҳои осоишта, истифодаи воситаҳои ахбор, моликияту мерос, ташкили оила, тарбияи фарзандон, интихоби касбу кор, ҳуқуқ ба манзилу истироҳат, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ҳимояи манфиати давлат, ҳифзи табиат, таъмини истиқлолияти давлатӣ, амнияти шаҳрвандон ва эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ  унсурҳое мебошанд, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба шаҳрвандон кафолат додааст. 
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони варзидаи байналхалқӣ ва созмонҳои бонуфузи сиёсии ҷаҳон яке аз конститутсияҳои беҳтарин ва демократитарин эътироф шудааст. Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овардааст. 
Таҳкими давлатдории навини тоҷикон боиси рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва устуворгардии сохтори сиёсиву вазъи ороми ҷомеа зарурати ба Конститутсия ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат ворид намудани тағйироту иловаҳоро овард. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Воқеан ҳам дар тӯли 24 соли мавҷудияти  Конститутсия арзишҳои он ба куллӣ собит гаштанд. Конститутсияи даврони истиқлол дарвоқеъ ифодагари манфиатҳои волои миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли инҳо эътироф гардидааст. 
Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар заминаи талаботи модда ва бандҳои алоҳидаи Конститутсия қабул шуданд, дар давоми 24 сол бо назардошти талаботи замони муосир борҳо мавриди таҷдиди назар қарор гирифта, мукаммал гардонида шудаанд. Аз ҷумла, борҳо мавриди таҷдиди назар қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва ба он ворид шудани тағйироту иловаҳо, эътирофи ҳуқуқу озодиҳо ва мақому манзалати шаҳрвандон ва субъектҳои раванди таълиму тарбия мебошад. 
Қонун «Дар бораи маориф» ифодагари моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи шаҳрвандонро дар худ ва дигар санадҳои зерқонунӣ таҷассум намудааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин чандин санадҳои зерқонунии дигари дар шакли стратегияву барнома ва консепсияву низомномаҳо қабулгардида,  раванди таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таълимӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба таҳсил таъмин менамоянд. 
Таъкиди барҳақи Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он ки «Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро  ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд»,  арзишманданд.
Дар чорчубаи муқаррароти Конститутсия ва риояи бечунучарои тартибот ва муқаррароти ҳуқуқӣ зиндагонию таҳсил ва фаъолият кардан, баҳри амалишавии иқдомҳои стратегии давлат ва таъмини суботу фазои конститутсионӣ кушиш ба харҷ додан, наврасон- махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳифзу гиромидошти истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ тарбия ва ҳидоят намудан, вазифаи ҳар фарди кишвари соҳибтамаддун ва комилҳуқуқ аст.
 
Раҷабалӣ Сангов -
сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва
котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон