КОНФРОНС НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМ

06-09-2019
6 сентябри соли 2019 бахшида ба 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм таҳти унвони “Нақши Истиқлолият дар рушди маориф ва илм” конфронси илмӣ – амалӣ баргузор гардид.
Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев аҳли нишастро ба ин санаи таърихӣ  табрик кард. Ҳамчунин, зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ соҳаи маориф қарор гирифта, ҷиҳати рушду инкишофи ҳамаҷонибаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ба камол расонидани насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки сол аз сол сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар ҷумҳурӣ вусъат ёфта, сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардид. Ҳамин аст, ки дастовардҳои хонандагону донишҷӯёни тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас аст.
Дар идомаи конфронс Ф. Гулмадов-мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи Академияи таҳсилоти Точикистон дар мавзӯи “Дастовардҳои илмии Академияи таҳсилот дар даврони Истиқлолият”, Ш. Акобиров-муовини ректор оид ба илмҳои таълимию методии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар мавзӯи “Такмили ихтисос ва стратегияи рушд”, Д. Ализода-корманди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо ва бузургтарин дастоварди таърихӣ”, Б. Ҳайдаров-корманди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар мавзӯи “Нақши Истиқлолият дар рушди таълимию методӣ” суханронӣ намуданд.
Мавзунахон УБАЙДУЛЛОЕВА