КОНФРОНС: «МАСОИЛИ МУБРАМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ»

25-06-2021
23 июни соли ҷорӣ бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид. 
Конференсияи мазкур ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 10–умин солгарди таъсисёбии Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ бахшида шуда буд. 
Дар ифтитоҳи конференсия Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Диловар Қодирзода-муовини вазири маориф ва илм, Қобилҷон Хушвахтзода-ректори ДМТ, ректорону намояндагон ва олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии кишвар иштирок намуданд. 
Қабл аз баргузории конференсия меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва эҷодии устодону кормандони донишгоҳ, ки дар саҳни даромадгоҳи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. 
Сипас, дар толори калони донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» доир гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Қ.Хушвахтзода оғоз ёфт. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла илму маориф заминаи мусоидро фароҳам овард. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ мо бо дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштааст, гувоҳи гуфтаҳои болост. Зикр шуд, ки баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълимӣ яке аз вазифаҳои асосии донишкада ба ҳисоб меравад. 
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода дар робита ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда, саҳми Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ назаррас арзёбӣ намуд. 
Дар ҷараёни конференсия чанде аз кормандони донишкада бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. 
Инчунин, дар конференсияи мазкур маърӯзаҳои устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Т.Шарифов “Хусусиятҳои тадриси сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба терроризм дар курсҳои такмили ихтисос” ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент О.Табарзода “Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бахтовар Сафаров