ИСТИҚБОЛИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TEENEAGLE» ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

09-08-2022
Нимаи дуюми рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими истиқболи иштирокчиёни Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ сурат гирифт. Иштирокдорони олимпиадаро муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, омӯзгорону хонандагон, падару модари иштирокчиён ва намояндагони ВАО дар фазои тантанавӣ истиқбол намуданд.
Зимни пазироӣ муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода тамоми иштирокчиёни олимпиада, хусусан ғолибонро барои соҳиб шудан бо дастовардҳои назаррас таҳният гуфта, миннатдории роҳбарияти Вазорати маориф ва илмро ба директорони муассисаҳои таълимию омӯзгорон ва падару модари ғолибон изҳор намуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 31-уми июл то 7-уми августи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Бритониёи Кабир Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ доир гардид, ки дар он 76 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори 31 ҷойи ифтихорӣ: 3 медали тилло, 12 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гурдаданд
Олимпиада аз рӯи 4 бахш ва 2 категорияи синнусолӣ «ИГЛЕТС» (синфҳои 5-8) ва «ИГЛС» (синфҳои 9-12) баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонанда аз 27 кишвари дунё иштирок намуд.