ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОН ВА ЛИТСЕЙИ "АДОЛАТ" АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

02-09-2021
1-уми сентябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзоби ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кӯдакистон ва Литсейи хусусии “Адолат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар кӯдакистони мазкур шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 360 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст ва дар он имкони ҷойгир намудани 14 гурӯҳ бо шумораи 260 нафар кӯдак ва 100 нафар дар 5 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб фароҳам аст.
Кӯдакистони мазкур дорои 8 синфхонаи таълимӣ, 6 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергурӯҳҳо, ҳуҷраҳои кории маъмурият ва табибон, 14 ҳуҷраи хоб бо 280 кат, ошхона барои гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб бо 60 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 120 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ аст, ки дар онҳо шароити мусоид фароҳам мебошад.
Маврид ба таъкид аст, ки сохтмони нотамоми бинои кӯдакистон ва литсей бо гузашти солҳо вайрону валангор гардида, инҷо ба як мавзеи нообод табдил ёфта буд.
Таҷдиду навсозии иншооти мазкур дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Евразия» аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон дар саҳни бино 5 айвончаи тобистона ва майдончаи бозӣ барои тарбиятгирандагон бунёд карда шудааст.
Бинои литсейи «Адолат» аз се ошёна иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 528 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Литсейи мазкур дорои 28 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла биология, таърих, забони англисӣ, технологияи компютерӣ, химия, физика ва гимнастика аст, ки дар онҳо шароити арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Дар литсейи «Адолат» ҳамчунин 4 утоқи корӣ барои маъмурият, 2 хонаи омӯзгорон, китобхона, ошхона барои 112 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 210 ҷойи нишаст ва майдончаи болопӯшидаи варзишӣ мавҷуд аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистон ва литсейи “Адолат”, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин иқдоми соҳибкоронро намунаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ карда, иншооти мазкурро тӯҳфаи арзанда дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон маънидод намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. 
https://dushanbe.tj