ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ №9 ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

22-09-2021
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш бо иштироки Маҳмадтоҳир Зокирзода - Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии №9-и деҳаи Ҷиргатол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мактаби мазкур барои 420 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, 41 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Муассисаи мазкур дорои  9 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинети фанни кимиё, физика, математика, биология, география, забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ бошад, барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонад нақши калон дошта бошад.