ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №173 ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

20-11-2021
20-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, сардори раёсати  маорифи ноҳия, омӯзгорону волидон ва хонандагон дар деҳаи Ҷомии ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №173 ба истифода дода шуд. 
Мавриди зикр аст, ки бинои иловагии муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Меликов бунёд ёфта, дорои 8 синфхона ва 1 толори маҷлисгоҳ буда, барои 192 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. 

Зимни сухани ифтитоҳии худ раиси ноҳияи Рӯдакӣ А.Исматзода зикр кард, ки бо ташаббуси шахсони хайрхоҳу ватандӯст дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои нави муассисаҳои таълимии №7, 35, 85 ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ бо сифати баланд бунёд ёфтанд, ки боиси қаноатмандӣ аст. 

- Боварӣ дорам, ки омӯзгорони таълимгоҳи №173 дар ҷавоби ин ғамхориҳо пурмаҳсул меҳнат мекунанд, сифати кори таълиму тарбияро баланд мебардоранд ва шогирдони сазовори давру замонро тарбия карда ба воя мерасонанд, - иброз дошт раиси ноҳия А.Исматзода. 
Дар маросими ифтитоҳии бинои муассиса, инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рӯдакӣ ба соҳибкор Баҳриддин Меликов Сипоснома супорида шуд. 
 
Бахтовар Сафаров