ИФТИТИҲОИ БОЗ ЯК МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

25-09-2018
Варзиш гарави саломатӣ буда, дар ҳама давру замон дӯстдорон ва ҳаводорони он зиёд буданд ва ҳастанд. Ҳамин аст, ки сол то сол рушду нумуи он низ дар тамоми гӯшаю канори кишвар равнақ ёфта, варзишгарон низ дар ин самт дастовардҳои беназирро соҳибанд. Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм кушодашавии майдончаи варзишӣ баргузор шуд. Дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев, муовини вазири маориф ва илм Ф. Усмонзода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ У. Сафарзода ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Майдончаи варзиши бо сатҳу сифати замонавӣ бо масоҳати 576 м/кв бо ибтикор ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати “Ваҳдат-ЛТД” бо малағи наздики 400 ҳазор сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Нахуст дастаи варзишии кормандони дастгоҳи марказии Вазоратии маориф ва илм туби аввалинро дохили давроза намданд ва сипас, таълимгирандагони навраси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм бозии футболро идома доданд. 
Зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ гуфта шуд, ки он барои бозиҳои футболу волейбол ва баскетбол барои кормандони вазорат, муассисаҳои тобеи вазорат, аъзоёни маҳфилҳои марказ ва сокинони маҳалла пешбинӣ шудааст. 
Қобили қайд аст, ки  дар ҷумҳурӣ 84 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1550 маҳфил бо фарогирии 50390 нафар таълимгирандагон ба маҳфилҳои равияҳои техникӣ, экологӣ-биологӣ, сайёҳӣ-кишваршиносӣ, варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои фаннӣ, маҳфилҳои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва хитоӣ амал менамоянд.
Дар маҳфилҳои маркази ҷумҳуриявӣ бошад, ҳоло зиёда аз 500 нафар хонанда машғули таълиму тарбияанд. 








   Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО – корманди 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва
 илми Ҷумҳурии Тоҷикистон