Хонандагони синфҳои 1 аз 3-юми июн ва хонандагони синфҳои 2-11 аз 7-уми июн ба таътил мебароянд

02-06-2021
1-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 01.06.2021, №864) ба тасвиб расид. Тибқи банди 1 ин фармоиш машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.
Ҳамчунин, дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона  аз 9 июн то 17 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 9 июн то 16 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.
Омӯзгорону хонандагон метавонанд бо нусхаи фармоиши мазкур, ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - https://maorif.tj/ahborot/farmoishi-vaziri-maorif-va-ilmi-umurii-toikis гузошта шудааст, шинос шаванд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон