Хатари маҳвшавии 43%-и забонҳо

21-02-2018
Бо қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО 21-уми феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон шудааст. 
Сабаби ба ин рӯз иттифоқ афтодани ин сана рӯйдоди 21-уми феврали соли 1952 дар шаҳри Даккаи Бангладеш аз тири кормандони мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расидани донишҷӯён- иштирокчиёни намоиши эътирозӣ барои ҳимояи забони бенгалӣ мебошад, ки мехостанд забони модариашон ба сифати забони расмӣ эътироф гардад.
Иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи таъйини Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла, забонҳои ақаллиятҳои миллие, ки махсусан, дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад, мебошад. Албатта, ҷаҳонишавӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва ба забонҳои камнуфус бе асар намемонад. Мутахассисон бар он андешаанд, ки агар айни замон ҷиҳати устуворӣ ва пойдории 6000 забони дар муоширатбудаи рӯи олам чораҳо андешида нашаванд, пас, то охири садсолаи равон ба қисме аз забонҳо, махсусан, забонҳои ақаллиятҳои миллӣ хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Хатари нестшавии забонҳо метавонад инсониятро аз муҳимтарин, арзишмандтарин ва қадимтарин дороии башарӣ, ки ҳазорсолаҳо боз нақши муҳими муоширату муносибат-ро иҷро намудааст, маҳрум созад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, алҳол ба зиёда аз 2465 (43%) -и забонҳои рӯи олам хатари маҳвшавӣ таҳдид дорад. 
Мувофиқи маълумоти харитаи забонҳои ҷаҳонии ЮНЕС-КО танҳо дар давоми ҳаёти се насли одамӣ аз 6000 забони рӯи олам 200 забон тамоман маҳв шуда, 500 забон дар ҳолати ногувору ба 500 забони дигар хавфи нестшавӣ мавҷуд буда, дар маҷмӯъ ба зиёда аз 1000 забони дигар хавфи ҷиддии ноустуворӣ таҳдид дорад.
Ҷиҳати пешгирии маҳви забонҳо зарур аст, ки барои асолату устуворӣ ва пойдории забони модарӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Омили асосӣ дар ин самт дар баробари донистану риояи забони давлатӣ боз муоширати аҳли ҷомеа ба забони модарии худ, муҳайё кардани фазои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки ба бисёрзабонӣ ва эҳтиром ба забонҳои хурд мусоидат менамояд, мебошад. Мусаллам аст, ки забон ҳамчун олати муошират на танҳо тавассути баён, балки ба воситаи хатти хос ифода ёфта, дарки фарҳангҳо низ мебошад.
Бисёрзабонӣ раванди мақсадноки ошноӣ ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва ба ин васила пайдо намудани донишу фаҳмиши замонавӣ, азхудкунии фарҳангу таърих ва таҷрибаи иҷтимоии давлат ва халқҳои гуногун ба шумор меравад. 
Дар Тоҷикистон ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва ғайридавлатӣ эҳтироми хоса зоҳир мегардад. Сархати дуюми моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон агар забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар карда бошад, пас, сархати сеюми ҳамин модда таъкид менамояд, ки ба «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Моддаи 4  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кафолат медиҳад, ки «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд».
Ба хотири эҳтироми ақаллиятҳои миллии маскуни кишвар дар қисме аз муассисаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ низ таҳсил ба забони русӣ- забони муоширати байни миллатҳо ба роҳ монда шудааст.
Вазифаи муҳимме, ки имрӯз пешорӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад, эҳтиром ба забони модарӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани он, арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, ҷалби шаҳрвандони халқиятҳои кишвар дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимояи арзишҳои мероси фарҳангии халқҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда мебошад.
 
Раҷабалӣ Сангов, 
котиби комиссияи татбиқи
Қонуни забони давлатӣ  дар Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон