ХАМКОРӢ БО ШАРИКОНИ РУШД

05-09-2019
5-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид бо намояндагони Бонки Рушди Исломӣ Муҳаммад Мирзо Кахаг, Музаҳад Алӣ, Александр Сокол, Ричард Сак ва дигар шарикони рушд баргузор гашт.  Дар оғоз Нуриддин Саид  ба аҳли нишаст аз корҳои анҷомёфта дар самти таъмир, бунёд ва сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагии назди муассисаҳои таълимӣ иттилоъ дод.
Зимни нишаст ҷонибҳо мақсад аз баргузории вохӯриро вусъат додани ҳамкорӣ ва баррасии лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ унвон намуданд, ки аз ҷониби  Бонки Рушди Исломӣ  ва шарикони он бунёд мегарданд. 
Бояд қайд кард, ки сохтмон ва бунёди муассисаҳои нави замонавӣ дар меҳвари фаъолияти асосии Вазорати маориф ва илм қарор дошта, ҳамасола садҳо муассисаҳои наву замонавӣ бо тамоми таҷҳизот мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд. 
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои раёсати сохтмони асосии назди вазорат то охири соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 124 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинои таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 27101 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода мешавад.
Мавзунахон УБАЙДУЛЛОЕВА